Дар фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро субҳи имрӯз, 8 феврал раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода сафар карданд. Дар ин бора хадамоти матбуотии Президенти кишвар хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, раисҷумҳур дар ин сафар дар ҷашни Сада иштирок намуда, боғу токзори навро ба истифода хоҳанд дод.
Гуфта мешавад, ки якчанд иншооти соҳаҳои маъмурӣ, корхонаву коргоҳҳои саноатӣ ва марказҳои фарҳангию фароғатӣ аз сӯйи Раҳбари кишвар ифтитоҳ мегардад.
Зикр мегардад, ки Сарвари давлат бо сокинони касбу кори гуногун суҳбату мулоқот менамоянд.
Манбаъ меафзояд, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд корҳои ободонию созандагӣ бо суръат идома дошта, ҷашни аҷдодии Сада бо омодагии комили аҳли ҷомеа, рӯҳияи ифтихору фараҳмандӣ ва иҷрои ҳамаи оину суннатҳояш ҷашн гирифта мешавад.