Вобастаи масоили фарҳангии Сафорати Ҷумҳурии Фаронса дар Тоҷикистон хонум Эва Тозе бо муовини якуми мудири Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Толиб Ғайбуллозода
дидор намуд.
Тавре дафтари матбуотии “Тоҷикфилм” иттилоъ медиҳад, дар вохӯрӣ ҳамкориҳои мутақобилан судманд миёни синамонигорони тоҷику фаронсавӣ баррасӣ гардид.
Зикр мегардад, ки ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи масъалаҳои тарбияи кадрҳо, ривоҷу равнақи соҳаи синамо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, офаридани филмҳои муштарак, таҳкими равобити фарҳангию синамоӣ, баргузор намудани Рӯзҳои кино, ҷиҳати муаррифии таъриху фарҳанг ва синамои миллӣ ба алоқамандони синамои хориҷӣ ба роҳ мондани тарҷума ва дубляжи филмҳои тоҷикӣ ба забони фаронсавӣ ва филмҳои фаронсавӣ ба забони тоҷикӣ ибрози ақида намуданд.
Ҷонибҳо таъкид намуданд, ки таҳкими ҳамкориҳо дар соҳаи синамо барои муаррифии миллат дар арсаи ҷаҳонӣ мусоидат менамояд.
Манбаъ меафзояд, дар идома хонум Эва Тозе аз кинотеатри Тоҳир Собиров дидан кард ва ин толори барҳаворо ҷиҳати баргузории чорабиниҳои синамоӣ ва фарҳангӣ ба мақсад мувофиқ арзёбӣ намуд.