Тими ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дар CAFA-2022 CHAMPIONSHIP FUTSAL иштирок мекунад

Дастаи мунтахаби ҷавонони футзали Тоҷикистон (U-19) дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA), ки аз 12 то 19 феврал дар Бишкек баргузор мешавад, ширкат мекунад. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар дод.

Ба гуфтаи манбаъ, тими ҷавонони футзали Тоҷикистонро ба мусобиқаи Бишкек мутахассиси эронӣ Мустафо Афшорӣ омода мекунад.

Ба дархости мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ оид ба футзал 14 бозигар – 2-дарвозабон ва 12 бозингари майдон шомил гардидаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон рӯзи чаҳоршанбеи 9-феврал азими Бишкек мешавад.

Дар чемпионати футзали CAFA-2022 миёни дастаҳои ҷавонони то 19-сола 5-даста – Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон ширкат мекунанд. Тибқи низомнома мусобиқа аз рӯи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад ва дар он ҳар як даста чаҳор бозӣ анҷом медиҳад. Дастаи ғолиб аз рӯи шумораи бештари холҳо муайян карда мешавад. Ҳамаи бозиҳо дар маҷмааи варзишии “Газпром”-и Бишкек баргузор мегардад.

Ҳайати мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-19) барои ширкат дар чемпионати CAFA-2022 оид ба футзал дар Бишкек:

Дарвозабонҳо: Самариддин Шамсов (Бонки миллӣ), Муродҷон Муродов (бе бошгоҳ);

Бозигарони майдон: Сӯҳроб Сафаров, Сабзалӣ Ҳамроев, Муҳаммад Аҳмадов, Саидисроил Саидов, Умед Назризода, Муҳаммад Муҳаммадзода, Ҳайдар Сатторов (ҳама – “Барқчӣ”), Муҳаммадиқбол Абдуллоев, Бекмурод Ҳайитов (ҳарду – “Истиқлол”), Мусаяб Ҳақназар (“Регар”), Хушвахтов (РШВСМ), Некрӯз Салимзода (“Равшан”).

Сармураббӣ – Мустафо Афшорӣ (Эрон).

CAFA 2022 Чемпионати футзал (U-19)
Даври 1-ум
12-феврал (шанбе)
Соати 15:00 Ӯзбекистон — Тоҷикистон
Соати 18:00 Эрон — Афғонистон

Даври 2-юм
13-феврал (якшанбе)
Соати 15:00 Тоҷикистон — Эрон
Соати 18:00 Қирғизистон — Афғонистон

Даври 3-юм
15-феврал (сешанбе)
Соати 15:00 Афғонистон — Тоҷикистон
Соати 18:00 Қирғизистон — Ӯзбекистон

Даври 4-ум
17-феврал (панҷшанбе)
Соати 15:00 Афғонистон — Ӯзбекистон
Соати 18:00 Эрон — Қирғизистон

Даври 5-ум
19-феврал (шанбе)
Соати 15:00 Ӯзбекистон — Эрон
Соати 18:00 Тоҷикистон — Қирғизистон

Сорбон Амонуллозода,

Радиои “Тоҷикистон