Сироҷиддин Икромӣ: Сармояи “Амонатбонк” меафзояд

Дар соли 2021 “Амонатбонк” ба беш аз 23 ҳазор корхонаю ташкилотҳо, зиёда аз 771 ҳазор нафар нафақагирони мақомотҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ, зиёда аз 1,7 млн. нафар амонатгузорон тавассути 75 филиал ва 547 адад марказҳои хизматрасонии бонкӣ бо шумораи зиёда аз 3000 нафар кормандон дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ хизматрасонӣ  намуд.

Дар ин бора Сироҷиддин Икромӣ, раиси бонки мазкур имрӯз, 7-уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳоди зери раҳбарияш иттилоъ дод.

Гуфта шуд, ки сармояи бонк дар соли гузашта ба 575,5 млн. сомонӣ расид, ки дар муқоиса ба соли 2020 25,7 % афзоиш ёфтааст. Фоидаи софи Бонк  66,2 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли 2020   29,1% афзудааст.

“Айни замон  пешниҳоди қарзҳои “Амонатбонк” ба муштариён дар доираи аз 18 то 24 фоизи солона бо пули миллӣ ва аз 10 то 12 фоизи солона бо асъори хориҷӣ муайян карда шудааст. Бонк аз ҳисоби захираҳои дохилию хориҷӣ ба зиёда аз 72 ҳазор муштарӣ  1,4 млрд. сомонӣ маблағҳои қарзӣ пешниҳод намудааст, ки нисбат ба соли 2020 шумораи қарзгирон 44% ва ҳаҷми қарздиҳӣ 34%  зиёд гардидааст”, – гуфт Икромӣ.

Қарзҳои додашудаи Бонк ба соҳаҳои саноат 21,6%, кишоварзӣ 11,4%, истеъмолӣ 31,9%, сохтмон 10,3%, тиҷорат 17,5% нақлиёт 3,7% ва дигар хизматрасонӣ (сайёҳӣ, тандурустӣ, хӯроки умумӣ) 3,6% рост меояд.

Аз ҷумла, дар иртибот ба эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”, Бонк аз ҳисоби захираҳои худӣ дар соли 2021 ба 272 нафар 8,3 млн. сомонӣ бо меъёри 18%-и солона маблағҳои қарзӣ пешниҳод намуд.

Сандуқи қарзии Бонк 1 369,9 млн. сомонӣ (бо назардошти қарзҳои ғайринизомӣ) ва шумораи қарзгирон аз рӯи бақия зиёда аз 54 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, ки нисбат ба соли 2020 ҳаҷми сандуқи қарзӣ  40,3% ва шумораи қарздорон 33,5% афзудааст.

Шоистаи Аҳмад,

Радиои Тоҷикистон