Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади муаррифии имкониятҳои содиротии Тоҷикистон Озмуни ҷумхуриявии Беҳтарин содироткунандаи Тоҷикистонро эълон менамояд.
Ҳадаф аз баргузории Озмун дарёфти содироткунандагони боэътимод ва маҳсулоти содиротии ҷавобгў ба талаботи стандартҳои миллӣ ва байналмилалӣ, инчунин муаррифии молу маҳсулоти ватанӣ дар хориҷи кишвар мебошад. Ташкилотҳое, ки фаъолияташон ба содирот нигаронида шудааст хоҳиши дар Озмун иштирок кардан доранд, тибқи тартиб ҳуҷҷатҳои дахлдорро ба суроғаи Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон: шаҳри Душанбе, кўчаи Мирзо Турсунзода 23, тел: 221-70-03, e-mail: asodirot@inbox.ru факс: 221-72-18: (48) 702-40-45 пешниҳод намоянд.
Дар асоси пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дахлдор ғолибони Озмун бо сертификат ва мақоми «Беҳтарини содироткунандаи Тоҷикистон» қадрдонӣ мегарданд. Озмун дар арафаи ҷашни Наврўз ҷамбаст мегардад.