Сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон аз вазифа барканор гардид

Сафири Фавқулода ва Мухтори Қирғизистон дар Тоҷикистон  аз вазифа озод барканор шуд. Дар ин бора хадамоти матбуоти Президенти Қирғизистон хабар дод.

Ин мақомро аз соли 2018 Ҷаниш Рустенбеков бар дӯш дошт.

Фармони озод намудани ӯ аз мақоми раҳбари намояндагии дипломатиро президенти Қирғистон Содир Ҷапаров содир намуд.

Рустенбеков 72 сол дошта, аз декабри соли 2018 сафири Қирғизистон дар Душанбе буд.

Қабл аз ин, ӯ намояндагиҳои дипломатии Қирғизистонро дар Туркманистон (2014 – декабри 2018) ва Қазоқистон (декабри 2007 – сентябри 2011) раҳбарӣ мекард.

Дар гузашта вазири ҳолатҳои фавқулода, губернатори вилояти Ӯш ва котиби давлатии назди президенти ин ҷумҳурӣ низ буд.