Соли сипаришуда дар сохтори вазорат шуъбаи сифати таҳсилот дар назди Вазорати маориф ва илм таъсис ёфтааст. Дар ин бора Маҳмадюсуф Имомзода, вазири маориф ва илм дар нишасти матбуотии ин вазорат иттилоъ дод.
Маҳмадюсуф Имомзода изҳори умедворӣ намуд, ки бо ин роҳ то дараҷае сатҳи таълим дақиқ ва шиносоӣ хохад шуд.
Дар варақаи иттилоотии Вазорати маориф ва илм омадааст, ки “шуъба дар ин давра 104 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии 15 шаҳру ноҳияро мавриди санҷиш қарор дода, зиёда аз 5 ҳазор хонанда корҳои хаттӣ ва тестӣ аз фанҳои математика ва забони тоҷикӣ гирифт. Санҷиш нишон дод, ки дар ин муассисаҳои таълимӣ сифати таҳсилот ба 32,2% ва азхудкунии барномаҳои таълимӣ ба 78,3% баробар аст. Натиҷаи санҷиш дар ҳузури мудирони шуъбаҳои маориф, роҳбарони муассисаҳо ва гурўҳҳои сифати таҳсилот мавриди баррасӣ қарор гирифт ва доир ба сифати таҳсилот семинарҳои омўзишӣ дар ноҳияҳои санҷидашуда ба роҳ монда шуд.”
Ин дар ҳолест, ки дар Паёми навбатии сарвари давлат ба Маҷлиси олӣ аз сатҳи пасти таълим дар низоми маориф интиқоди зиёде карда шуд ва чунин вазъ боиси нигаронӣ арзёбӣ гардид. Вазири маориф ва илм мегӯяд, ки дар пайи ислоҳи макбудиҳои соҳа ҳастанд.
Ҳамзамон гуфта мешавад, ки соли гузашта “Барномаи идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Барномаи меъёрҳои санҷиши идоракунии сифати таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон” таҳия ва тибқи муқаррарот тасдиқ шуд.