Соли 2021 дар кишвар зиёда аз 300 корхонаю коргоҳҳои нави саноатӣ ба кор шуруъ карданд. Дар ин бора Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нав зимни нишасти матбуотии ин Вазорат маълумот дод.
Ба маълумоти Шералӣ Кабир, дар натиҷаи ба истифода додани ин коргоҳҳои саноатӣ зиёда аз панҷ ҳазору сад нафар сокинони кишвар бо ҷойи кори доимиву мавсим таъмин гардиданд. Аз ҳама бештар корхонаю коргоҳҳо дар шимоли Тоҷикистон-вилояти Суғд- 124 адад, дар Хатлон- 86 адад, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ- 61 адад, шаҳри Душанбе- 26 адад ва дар Бадахшон 12 адад мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.
Гуфта мешавад, ки аз 309 корхонаю коргоҳи навсохт 90 ададашон дар соҳаи саноати сабук, 82 корхона дар соҳаи саноати хӯрокворӣ, 76 корхонаву коргоҳ дар соҳаи масолеҳи сохтмон, 42 корхонаю коргоҳ дар соҳаи мошинсозӣ ва чор корхона дар саноати ангишт фаъолият мебаранд.