Завқӣ Завқизода: Ташкилотҳои байналмилалӣ рушди иқтисоди Тоҷикистонро нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд

Дар соли сипаригардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар 98,9 млрд. сомонӣ ва рушди воқеии он 9,2 фоизро ташкил дод, ки нишондиҳандаи баландтарин дар 17 соли охир ба ҳисоб меравад.

Тавре Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар Завқӣ Завқизода имрӯз зимни нишасти хабарӣ иброз намуд, дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда дар соли 2021 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 38826,1 млн. сомонӣ баробар гардида, суръати рушди он 22 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2020-ум 12,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.

“Ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ низ рушди иқтисоди Тоҷикистонро дар соли 2021 нишондиҳандаи баландтарин дар минтақа арзёбӣ намуданд”-, иттилоъ дод Завқӣ Завқизода.

Номбурда вобаста ба рушд додани соҳаи саноат дар панҷ соли оянда иброз намуд, ки Вазорати рушди иқтисод ҷиҳати дар амал татбиқ намудани солҳои 2022-2026 «Солҳои рушди саноат» талош менамояд ва нақша дорад, ки дар тӯли панҷ сол маҷмӯи маҳсулоти дохилиро афзоиш дода, то 26,3% зиёд гардонад. “Барои ноил гардидан ба ин Ҷуҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бениҳоят зиёди саноатӣ, кишоварзӣ, захираҳои обию энергетикӣ ва инчунин захираҳои кадрӣ аз ҳисоби ҷавонон мебошад”-, гуфт дар идома Вазири рушди иқтисод.