Дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 24 118 (2020 – 23 460) ҷиноят аз ҷониби ҳамаи субъектҳои бақайдгирӣ-баҳисобгирӣ ба қайд гирифта шуда, аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ 15 563 ҷиноят ошкор карда шудааст. Шумораи ҷиноятҳо нисбат ба соли 2020 – 658 ҳолат зиёд гардидааст.
Дар ин бора зимни нишасти хабарии ВКД вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода изҳори назар намуда, гуфт, ки ҷинояти одамкушӣ ва сӯиқасд ба он – 103, роҳзанӣ – 38, ғоратгарӣ – 138, таҷовуз ба номус – 52, савдои одамон -52, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ – 150, авбошӣ – 1224, қаллобӣ – 3263, дуздӣ – 6425, ҷиноятҳои иқтисодӣ -3379 ҳолат ба ҳисоб гирифта шудаанд.
Дар натиҷаи пурзӯр намудани ҳамкорӣ бо аҳолӣ дар соли 2021 дар ҷумҳурӣ 652 (2020 – 566) адад силоҳи оташфишон, аз ҷумла, 48 адад автомат, 90 адад таппонча, 133 адад милтиқ ва карабин, 360 адад силоҳҳои суфтамил ва дигар лавозимоти ҷангӣ мусодира карда шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ дар соли 2021 дар миқёси ҷумҳурӣ 4 сӯиқасд ба амали террористӣ ва 2 амали террористӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар соли 2021 аз тарафи сохторҳои ВКД 579 нафар аъзоёни ташкилотҳои террористӣ ва экстремистӣ дар содир намудани 766 ҷиноят муайян карда шудааст. Аз ин, 339 нафар барои содир намудани 311 ҷиноят дастгир карда шуда, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд
Дар ҷумҳурӣ соли 2021 аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ 4 тоннаю 83 кг воситаҳои гуногуни нашъадор мусодира карда шудааст, ки 50 фоизи он ба мақомоти корҳои дохилӣ рост меояд. Инчунин, беш аз 991 ҳазор ниҳоли бангдонаи кошташуда дарёфт ва несту нобуд карда шуд, ки миқдори умумии он 1 тоннаву 631 кг-ро ташкил медиҳад.