Макон ва вақти баргузории Суперҷоми Тоҷикистон 2022 муайян гардид

27-январ дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар меҳмонхонаи «Ҳаятт Реҷенси Душанбе» баргузор гардид, санаи баргузории Суперҷоми Тоҷикистон 2022-ро муайян намуданд.

Қаҳрамони феълии кишвар «Истиқлол» ва қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон «Хуҷанд» барои ба даст овардани Суперҷоми Тоҷикистон 2022 бо ҳам рақобат мекунанд. Дидори дастаҳо дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода, рӯзи 8-май баргузор мешавад.

Лозим ба ёдоварист, ки «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе 10-маротиба Суперҷоми Тоҷикистонро ба даст овардааст. Дастаи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд то ҳол барои соҳиб шудани ин ҷоиза мубориза мебарад.

Натиҷаи ҳамаи бозиҳо барои Суперҷоми Тоҷикистон (2010-2021):

 2010 – «Вахш» (Қӯрғонтеппа) — «Истиқлол» (Душанбе) — 0:2

2011 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 1:0

 2012 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1

2013 – «Равшан» (Кӯлоб) — «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) — 2:1

2014 – «Равшан» (Кӯлоб) — «Истиқлол» (Душанбе) — 0:5

2015 –»Истиқлол» (Душанбе) — «Хайр» (Ваҳдат) — 2:2  Аз рӯи зарбаҳои 11-метра 4:3.

2016 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) — 3:2

2017 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Ҳосилот» (Фархор) — 1:2

2018 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) — 3:2

2019 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) — 3:0

2020 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Хуҷанд» (Хуҷанд) — 2:1

2021 – «Истиқлол» (Душанбе) — «Равшан» (Кӯлоб) — 2:0.                       

Сорбон Амонуллозода