Имрӯз миёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба муносибати 30-юмин солгарди барпо намудани робитаҳои дипломатии ду кишвар мубодилаи барқияҳои табрикӣ ба амал омад.
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба унвони Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган омадааст:
«Ҷаноби Олӣ, дӯсти гиромӣ,
Лутфан, табрикоти самимӣ ва таманниёти неки ин ҷонибро ба муносибати 30-солагии истиқрори робитаҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия бипазиред.
Тайи солҳои сипаришуда муносибатҳои дӯстиву ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистон ва Туркия зина ба зина рушд ёфта, имрӯз доираи васеи шарикии байнидавлатиро дар арсаҳои гуногуни мавриди манфиатҳои аслии мардумони ду ҷониб дар бар мегиранд.
Мо аз сатҳу муҳтавои кунунии робитаҳои фарогири кишварҳоямон, ки бар пояи арзишҳои муштараки тамаддунӣ, таърихӣ ва усулҳои ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми якдигар ва эътимод асос ёфтаанд, ғояти қаноатмандии худро изҳор мекунем.
Итминони комил дорем, ки бо азми қавӣ ва ҷидду ҷаҳди амалии якҷоя муносибатҳои ду кишвар минбаъд ҳам ба таври рӯзафзун рушд ёфта, паҳнои сифатан нави ҳамкориро касб хоҳанд кард.
Тоҷикистон алоқаманди тақвияти ин раванд буда, омодааст, то дар ин ҷода тадбирҳои лозима андешад.
Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатмандии комилу саодат ва комёбиҳои навин, ба мардуми бародари Туркия сулҳу субот, осудаҳолӣ ва пешрафту шукуфоии бемайлон орзумандам».
Дар барқияи табрикии Президенти Ҷумҳурии Туркия муҳтарам Реҷеп Тайип Эрдоган ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, чунин гуфта шудааст:
«Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, дӯсти азиз,
Ба муносибати 30-юмин солгарди истиқрори равобити дипломатӣ байни кишварҳоямон, Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро аз номи худ ва аз номи миллатам самимона табрику муборакбод мегӯям.
Мо аз он хушнудем, ки кишвари мо яке аз нахустинҳо дар заминаи пайвандҳои муштараки таърихиву фарҳангӣ бо Тоҷикистон равобити дипломатиро барқарор намудааст. Ба шарофати робитаҳои устуворе, ки мо тайи се даҳсолаи охир дар бисёр соҳаҳо барқарор кардем, муносибатҳои мо ҳам дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар арсаи байналмилалӣ пайваста рушду таҳким ёфта истодаанд.
Бо дарназардошти таҳаввулоти минтақаи мо, ман бар он боварам, ки ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ байни давлату мардумони мо бояд минбаъд низ таҳким ёфта, ҳифз карда шаванд. Қадамҳои устуворе, ки Тоҷикистон таҳти роҳбарии Шумо мегузорад, моро водор менамояд, то ба ояндаи муносибатҳои ҳамкории кишварҳоямон дидгоҳи умедбахш дошта бошем.
Мо омодаем, ки бо амалӣ намудани Шӯрои ҳамкории миёни кишварҳо, ки дар 20-умин солгарди равобити дипломатӣ таъсис додаем, бо талошҳои муштарак ба ин раванд ба манфиати умум ва некӯаҳволии мардумонамон вусъат бахшем.
Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ тансиҳативу хушбахтӣ, ба мардуми дӯсту бародари Тоҷикистон беҳбудиву осудагӣ орзумандам».