Тими миллии Эрон дар бозии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 бар тими мунтахаби Ироқ бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаи ин рақобатро ҳамлагари “Порту” Меҳдӣ Таремӣ дар дақиқаи 48-уми вохӯрӣ ба самар расонид. Ба ин тартиб, се давр пеш аз анҷоми сабқатҳои интихобии Осиё, футболбозони Эрон роҳхати Ҷоми ҷаҳон 2022-ро ба даст оварданд.
Дар айни ҳол 14-мунтахаб тавонистанд, ки роҳхати Ҷоми Ҷаҳон 2022-ро соҳиб шаванд. Акнун мунтахабҳои Хорватия, Олмон, Дания, Бразилия, Аргентина, Белгия, Фаронса, Испания, Сербистон, Англия, Швейтсария, Эрон ва Ҳолланд ҳаққи иштирок дар Ҷоми ҷаҳон 2022-ро доранд.
Бояд зикр намуд, ки Ҷоми ҷаҳон 2022, ки дар кишвари Қатар баргузор мегардад, аз 21-ноябри соли 2022 оғоз мешавад.
Сорбон Амонуллозода