Қуръакашии Grand Prix Portugal 2022 баргузор гардид

Рӯзҳои 28-30 январ дар шаҳри Алмадаи Португалия Grand Prix Portugal 2022 баргузор мешавад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқа ягона варзишгар Комроншоҳ Устопириён муаррифӣ мекунад.

Комроншоҳи Устопирён – узви тими миллии ҷудои кишвар, дар вазни (-90 кг) ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Бар асоси қуръакашӣ муайян гардид, ки Комроншоҳ рақобатро аз даври дуюм муқобили ғолиби ҷуфти Мунхбаяр Баттогтох аз ҷумҳурии Муғулистон ва Достон Мейлиев аз ҳамсоякишвари мо Ӯзбекистон шурӯъ мекунад.

Дар ин мусобиқа мебоист, ки Сомон Маҳмадбеков низ ширкат варзад. Лекин бинобар мусбӣ баромадани натиҷаи санҷишаш аз COVID-19, ӯ аз ҳаққи иштирок дар Grand Prix Portugal 2022 маҳрум гашт.

Дар мусобиқа 312 варзишгар (184 мард ва 128 зан) аз 41 кишвари ҷаҳон ширкат меварзад.                       

Сорбон Амонуллозода