“Тоҷикистон”: Дар Хатлон наздики 2 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст (Шарҳи матбуот)

Таҷлил аз ҷашни бостонии Сада дар Тоҷикистон, суръати кунди рушди соҳаи пахтапарварӣ дар кишвар, нигарониҳо аз ҷаҳиши дубораи нархи билети парвозҳо ба Русия ва бекор мондани заминҳои кишт дар минтақаҳои кишвар аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.

Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 24 январ мақолае бо номи “Вазъияти ВМКБ ислоҳоти бунёдиро тақозо дорад ё ҷинояткорӣ дар Хоруғ ва атрофи он бояд решакан гардад” чоп карда навиштааст, ки мутаассифона, дар вазъияти ҳассоси сиёсӣ ва амниятии минтақа, бавижа дар Афғонистон, ки бо Бадахшон марзи тӯлонӣ дорад, гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ дар шаҳри Хоруғ ва атрофи он бо содир кардани ҷиноятҳои мудҳиш амнияту субот ва ҳаёти осоиштаи ҷомеаро халалдор мекунанд.

Ба хулосаи муаллиф, вақти он расидааст, ки ҷинояткорӣ дар Хоруғ ва атрофи он комилан решакан гардида, саркарда ва аъзои гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ тибқи қонун ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро танҳо дар сурати таъмин будани волоияти қонун, амният ва тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии осоишта ва пешрафту тараққии вилояти Бадахшон имконпазир хоҳад буд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 26 январ дар мақолае бо номи “Сада – таҷассуми суннатҳои ниёгон” таъкид мекунад, ки ҷашни Сада ба монанди Наврӯз таҷассумгари суннатҳои аҷдодӣ аст, ки рушди тамаддуни башарӣ, дар давраҳои гуногуни таърихӣ аз он баҳраҳо бурдааст ва қатъи назар аз гирудорҳои сиёсию мазҳабӣ ҷашни Сада тавонист аз гузаштаҳои дур то имрӯз эътибору манзалати иҷтимоии хешро ҳифз намояд.

Муаллиф таъкид мекунад, ки иди Сада ин ҷамъбасти фаъолияти яксолаи кишоварзон, таҳлили бурдубохти соҳа, тарҳрезии нақшаҳо дар соли нав, сарфароз гардондани пешқадамон ва омодагии соҳа ба киштукори баҳорӣ мебошад.

Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 январ мақолае бо номи “Пойкӯбӣ дар як ҷой. Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?” чоп карда, навиштааст, ки пахтапарварӣ дар Тоҷикистон яке аз соҳаҳои стратегӣ эътироф шудааст. Вале агар дар пахтакорӣ муваффақ нагардем, пас онро чӣ тавр боигарии асосии кишвар ҳисобем?

Ба навиштаи муаллиф, айни замон солона ба ҳисоби миёна дар 186 ҳазор гектар замин пахта кишт кардаву аз рӯи омор ҳар сол тайи 350-400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекунем. Замоне дар дилхоҳ бригада заминҳои пахтаро ба 100 — 200 — гектарӣ расонида, ҳатто заминҳои санглохро корам карда буданд, ҳоло бошад дар деҳаҳои ба пахтапарварӣ шуҳратёфта базӯр дар 10-15 гектар замин пахта кишт мекунанд.

Ба хулосаи муаллиф, дар ҳоли ҳозир деҳқон аз субҳ то шом ба парваришу коркарди пахта машғул мешавад, вале он фоидае, ки чашмдор аст, ба даст намеояд. Яъне ба ибораи дигар, тирамоҳ «ғалбери холиро аз об мебардорад» ва ин тамоюл торафт шакл гирифта, амали «пойкӯбӣ дар як ҷой»-ро шабеҳ аст.

Нашрияи “Ҷавонони Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 январ дар мақолае масъалаи интихоби касб барои ҷавононро баррасӣ кардааст. Муаллиф таъкид мекунад, ки бо вуҷуди он ки ҳар сол даҳҳо ҳазор донишҷӯ муассисаҳои олии касбиро ба ҳайси мутахассис хатм мекунанд, аммо норасоии кадрҳо ҳамоно ба назар мерасад. Бо назардошти ин муаллиф савол гузоштааст, ки ин ҳама донишҷӯён пас аз хатми донишгоҳҳо ба куҷо меравад?

Муаллиф аз қавли яке аз волидон навиштааст, ки барои таҳсили духтараш давоми чор сол дар Донишкадаи политехникии Тоҷикистон беш аз 20 ҳазор сомонӣ харҷ намудааст, аммо нигаронӣ он аст, ки аз рӯи ихтисосаш ҷойи кори мувофиқ пайдо карда наметавонад. Аз сӯи дигар ба андешаи муаллиф, интихоби касб бояд на иҷборӣ, балки ихтиёрӣ, аз рӯи хоҳиш ва талабот сурат гирад, зеро иҷрои коре, ки ба иродаи шахсӣ мувофиқ нест, душвор ва ҳатто дилгиркунанда аст.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 26 январ бо нашри як мақолаи таҳлилӣ навиштааст, ки бо сабабҳои мухталиф дар вилояти Хатлон наздики 2 ҳазор гектар замин аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Дар баробари ин, ба навиштаи муаллиф, бештар аз 13 ҳазор гектар замин дар ин вилоят дар ҳолати ғайриқаноатбахш қарор доранд. Гуфта мешавад, майдони заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда нисбат ба соли 2020 ҳудуди 700 гектар зиёд шудааст.

Далер Тағоимуродов, муовини раиси Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон сабабҳои ин ҳолатро дар баланд шудани обҳои зеризаминӣ, нарасидани оби полезӣ, ботлоқшавӣ ва зери селоб мондани заминҳои кишт марбут донистааст. Аз сӯи дигар, ба таъкиди муаллиф, дар бештари шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон солҳо боз заҳбуру заҳкашҳо тоза нашуда, пойгоҳҳои обкашӣ таъмир намешаванд.

Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре бо номи “То ба кай мардум ба Ӯзбекистон мераванд?” масъалаи нархҳои гарони билети ҳавопаймо дар Тоҷикистонро матраҳ кардааст. Ба навиштаи муаллиф, чанд рӯз қабл маҷбур шудааст, ки барои сафар ба Русия билети ҳавопайморо дар масири Самарқанд – Маскав бо қимати 3700 сомонӣ харидорӣ кунад, зеро нархи билет аз Душанбе ба Маскав 7000 сомонӣ арзиш дорад.

Муаллиф таъкид мекунад, ки ба ин далел айни замон шаҳрвандони Тоҷикистон барои рафту баргашт ба Русия аз фурудгоҳҳои кишвари ҳамсояи Ӯзбекистон истифода мекунанд. Дар ин росто муаллиф пешниҳод кардааст, ки бо ҳадафи эҷоди рақобати солим ва коҳиши нархи билет, зарур аст, то ба бозори мусофиркашонии ҳавоии Тоҷикистон ширкатҳои бештари ҳавопаймоии хориҷӣ роҳ дода шаванд.

Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 27 январ хабар додааст, ки ширкатҳои бузурги фаромиллии интернетӣ дар 9 моҳи соли 2021 ба буҷаи давлати Тоҷикистон 1 миллиону 445 ҳзаор сомонӣ андоз пардохт кардаанд. Гуфта мешавад, ба ҳисоби миёна ширкатҳои хориҷии интернетӣ ҳар рӯз ба буҷаи давлати Тоҷикситон 4200 сомонӣ пардохт кардаанд. Ёдовар мешавем, ки низоми андозбандии хадамоти электронӣ барои ширкатҳои хориҷии интернетӣ дар қаламрави Тоҷикистон дар оғози соли 2021 мавриди амал қарор гирифт. Бояд гуфт, ки айни замон 20 ширкати хориҷӣ худро ҳамчун андозсупоранда дар Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сабти ном кардаанд.

Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби таҳлилие ба умдатарин шикояти волидайн аз мактабҳои таҳсилоти миёна дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардааст. Муаллиф навиштааст, шикояти рақами аввали волидон ба норасоии муаллифони фанҳои алоҳида дар мактабҳо рабт дорад. Масълаи дуюм либоси ягонаи мактаби барои хонандагон аст, ки бархе мактабҳо волидонро маҷбур мекунанд аз коргоҳи муайян либос харидорӣ кунанд.

Севум мавриди норизоятии падару модари хонандагон норасоии ҷойҳои нишаст дар мактабҳо дониста мешавад, ки дар баъзе мавридҳо дар як синф аз 35 то 40 нафар талаба дарс мехонанд. Масъалаи дигаре, ки ҳамвора волидон аз он шикоят мекунанд ин бо ҳар роҳу васила ва баҳона пулситонӣ аз хонанандагони мактабҳои миёна аст.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 27 январ мақолае бо номи “Ҳалқаи як занҷир” чоп карда, он ба баррасии ҳаводиси ахири рухдода дар Қазоқистон бахшида шудааст. Ба назари муаллифи матлаб рӯзноманигор Бахтиёр Ҳамдам, дар рухдодҳои Қазоқистон дасти кишварҳои ғарбӣ эҳсос шуда, ҳадафи он буридани иртиботи мустақими Русия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва дастёбӣ ба обҳои баҳри Хазар аст.

Муаллиф муътақид аст, ки усулҳои истифода шуда дар ҳаводиси Украина, Белорусия ва Қазоқистон ҳалқаҳои як занҷир ҳастанд. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи муаллиф, кӯшишҳои Назарбоев барои ба истилоҳ “нишастан дар ду курсӣ”, яъне роҳандозии равобити наздик ҳам бо ғарб ва ҳам бо Русия буда, дар ниҳоят бо фоҷеа анҷомид.

Зиёратшоҳи Аҳмадшоҳ,

Радиои “Тоҷикистон”