«Тоҷик кристалл» 105 кг маснуоти заргарӣ истеҳсол кардааст

ҶДММ «Тоҷик кристалл» аз оғози фаъолият вобаста ба талаботи бозори дохила ва бо фармоишҳои мизоҷон истеҳсоли маснуоти заргариро вусъат дода то имрӯз зиёда аз 105,00 кг маснуоти заргарӣ аз металлҳои тилло ва нуқра истеҳсол намудааст, дар ин бораи  Вазорати саноат ва технологияҳои нав маълумот додааст. 

Дар маълумотномаи Вазорат омадааст, ки ” «Тоҷик кристалл»  яке аз аввалин корхонаҳои заргарии ватанӣ мебошад, ки  баъд аз ба даст овардани истиқлол ташкил шудааст. Самти асосии фаъолияти Ҷамъият аз соли 2002 то имрӯз истеҳсоли маснуоти заргарии миллӣ аз металлҳои тилло ва нуқра буда, ҳамзамон ба фурӯши асбобҳои заргарӣ ва сангҳои ороишӣ машғул мебошад. Дар Ҷамъият зиёда аз бист нафар машғули кор буда, ба истеҳсоли маснуоти заргарӣ даҳ нафар заргари касбӣ вобаста аст ва аксарияти онҳо аз тарафи ҷамъият ҳар сол барои такмил додани касби худ ба дигар корхонаҳои кишвар ва хориҷ аз ҷумҳурӣ равон карда мешаванд.”

Бо таваҷҷуҳ ба афзоиши истеҳсолоти заргарӣ ва вазъи молии  «Тоҷик кристалл»   гуфта мешавад, ки дар давраи аз моҳи январ то апрели соли 2020 корхонаи мазкур ба маблағи 350662 сомонӣ маҳсулот истеҳсол намудааст, ки ин нишондод нисбат ба ҳамин давраи соли 2019 45044 сомонӣ зиёд мебошад. Аммо  ишора нагардидааст, ки истеҳсолу фурӯши маҳсулоти заргарӣ дар мисоли “Тоҷик кристалл”  дар замони густариши Ковид-19 дар кадом сатҳ қарор дорад.  Ҳамзамон маълум нест, ки таҷҷавуҳи харидорон ба маснуоти заргарӣ коҳиш ёфтааст ё не.

Заргарӣ аз шуғлҳои қадимаи мардуми тоҷик буда, бозори тиҷорати он дар Тоҷикистон ба таври қонеъкунанда рушд наёфтааст. Дар партави эълон намудани “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” барои солҳо  2019-2021 ба соҳибкорону корхонаҳои заргарӣ ҳамчун ҷузъе аз ҳунарҳои мардумӣ имтиёзҳои андозӣ муқаррар гардида буд. Ин ҳам маълум нест, ки чунин имтиёзҳо то куҷо ба рушди  маҳсулоти заргарӣ аз металҳои қимматбаҳо таъсир гузошт.

Иқтисодшинсон тахмин мезананд, ки бо назардошти ғанӣ будани металлҳои қимматбаҳо дар Тоҷикистон, таърихан ҳунари волои заргарӣ доштани  миллат тоҷик ва рушди рӯзафзун доштани сайёҳӣ дар кишвар, соҳаи заргарӣ метавонад ҳам фоидаи калони иқтисодӣ орад ва низ чун яке аз брендҳои сайёҳӣ мавқеъ пайдо кунад. Аммо лозим аст, то имкониятҳои самаранок истифода шаванд.

 

 

 

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *