Вохурии Сафир бо муассиси ширкати OZTURK HOLDING- и Туркия

Санаи 17 январи соли 2022 дар Caфорат бо дархости ҷониби туркӣ вохурии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия Гулов Ашрафҷон бо муассиси ширкати бузурги туркӣ “Озтурк Холдинг” Юсуф Озтурк, баргузор гардид.

Тавре радиои ” Овози тоҷик” дар истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия хабар медиҳад, зимни вохурӣ ҷонибҳо вобаста ба имкониятҳои сармоягузории Тоҷикистон дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла бонкдорӣ, сохтмон, энергетика ва саноат барои ширкатҳои туркӣ, алалхусус OZTURK HOLDING мубодилаи афкор намуданд.

Муассиси ширкати мазкур ҷойгиршавии стратегии Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуда, омодагии хешро ҷиҳати дастгирии иқдомҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ тавассути воридсозии сармояи мустақим, иброз намуд.Қобили зикр аст, ки ширкати OZTURK HOLDING яке аз ширкатҳои бонуфузи сатҳи байнлмилалии Туркия ба ҳисоб рафта, байни 250 ширкати пудратии сатҳи ҷаҳонӣ мақоми 18-умро касб намудааст.