15 медали хонандагони тоҷик дар олимпиадаи сатҳи ҷаҳонӣ

8-16-уми январи соли ҷорӣ дар Осорхонаи фановарии шаҳри Хюстони Штати Техаси Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дуюмин Олимпиадаи байналмилалии фаннӣ – COPERNICUS аз фанҳои физика ва астрономия бо иштироки 2000 довталаб бо намояндагӣ аз 50 кишвари ҷаҳон баргузор гардид, ки дар он хонандагони Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе ва Литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд иштирок намуданд. 

Тавре маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм хабар медиҳад, хонандагони тоҷик дар қатори хонандагони кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон, аз ҷумла Фаронса, Италия, Амрико, Бразилия, Чин, Федератсияи Россия, Аргентина, Канада, Ҳиндустон, Британияи Кабир, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Австралия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷопон ва ғайра аввалин маротиба дар ин озмуни сатҳи ҷаҳонӣ иштирок намуданд. 9 нафар хонандаи Мактаби байналмилалии Президентӣ дар шаҳри Душанбе дар ин олимпиада аз фанни биология иштирок намуда, сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла, Маъруф Исомиддинов – хонандаи синфи 8 ва Томирис Миралибекова – хонандаи синфи 5 соҳиби ҷойи 2, Бенёмин Зуҳурзода – хонандаи синфи 6, Салман Саминов – хонандаи синфи 5, Юсуф Салимзода – хонандаи синфи 5, Абдуҷамил Холиқов – хонандаи синфи 5, Умар Ҳафизов – хонандаи синфи 8, Бибиоиша Қодирова – хонандаи синфи 7 ва Мирзоқобил Бадиев – хонандаи синфи 8 соҳиби ҷойи 3 мебошанд.

 Ҳамзамон, 6 нафар хонандаи Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Хуҷанд дар Олимпиадаи мазкур иштирок намуда, як медали нуқра, панҷ медали биринҷӣ ва Ҷоми даставиро аз фанни физика ба даст оварданд, ки инҳо Фаррухи Шералӣ – хонандаи синфи 8, ҷойи дуюм аз фанни табиатшиносӣ, Амир Абдуллозода – хонандаи синфи 9, ҷойи сеюм аз фанни физика, Меҳрангез Абдуллоева – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Ардашерхоҷа Ботурхоҷаев – хонандаи синфи 11, ҷойи сеюм аз фанни физика ва астрономия, Шараф Муқумов – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатшиносӣ ва Акрамхоҷа Мамуров – хонандаи синфи 8, ҷойи сеюм аз фанни табиатштносӣ мебошанд.

Ғолибон ва иштирокчиёни олимпиадаи мазкурро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд, мудирони шуъбаҳои маориф ва директорони муассисаҳои таълимӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол намуданд.