Федератсияи футболи Тоҷикистон дар саҳифаи расмиаш хабар дод, ки субҳи 12-уми январ, дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон барои анҷом додани бозиҳои дӯстона бо тими миллии Гурҷистон ба Тифлис парвоз кард.
Сармураббии тими миллии футзали Тоҷикистон Пайрав Воҳидов 15-бозингар, 2-дарвозабон ва 13-бозингари майдонро ба ҳайъат барои бозии дӯстона номнавис кард. Ба иттилои манбаъ рӯзҳои 15-16 январ дар Тифлис бозиҳои дӯстона миёни дастаҳои мунтахаби Гурҷистон ва Тоҷикистон баргузор мегардад.
Барои мунтахаби Гурҷистон бозиҳои дӯстона бо Тоҷикистон марҳилаи ниҳоии омодагӣ ба мусобиқоти футзали Аврупо-2022 хоҳад буд, ки дар он тими Гурҷистон дар гурӯҳи D дар якҷоягӣ бо тимҳои миллии Испания, Озарбойҷон ва Босния ҳунарнамоӣ мекунад.
Рақибони мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар минтақаи ягонаи марказӣ ва ҷанубӣ тимҳои Ӯзбекистон, Афғонистон ва Непал мебошад. Даври интихобӣ аз 12 то 14 апрел дар Бишкек баргузор мешавад.
Ҳайъати мунтахаби футзали Тоҷикистон барои бозиҳои дӯстона бо тими миллии Гурҷистон:
Дарвозабонҳо: Фирӯз Бозмамадов (“Истиқлол”), Хушбахт Исоев (“Соро”);
Бозингарони майдон: Файзалӣ Сардоров, Муҳаммадҷон Шарифов, Бахтиёр Солиев, Идрис Ёров, Муҳаммад Раҷабов (ҳама – “Соро компания”), Умед Қӯзиев, Парвиз Раҳматов, Собирҷон Гуляков (ҳама – “Сипар”), Рустам Ҳамидов (Оқжетпеси Қазоқистон), Самандар Ризомов, Абдуқаюм Умаров, Насратшо Исмоилов (ҳама – “Истиқлол”), Дилшод Саломов (“Рахш-Таксӣ”).
Сармураббӣ – Пайрав Воҳидов.
Сорбон Амонуллозода
Радиои “Тоҷикистон”