Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Тоқаев эълом дошт, ки сохти конститутсионӣ дар тамоми манотиқи кишвар барқарор шуд ва вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад.
Тавре АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, дар ин бора имрӯз, 7 январ хадамоти матбуоти президенти ин кишвар пас аз ҷаласаи ситоди мубориза бо терроризм хабар дод.
«Амалиёти зиддитеррористӣ оғоз шуд. Неруҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бо ҷидду ҷаҳд фаъолият доранд. Дар тамоми минтақаҳои мамлакат сохти конститутсионӣ асосан баркарор гардид. Вазъ таҳти назорати мақомоти маҳаллӣ қарор дорад. Аммо террористон аз силоҳ истифода бурда, ба моликияти шаҳрвандон зарар мерасонанд. Аз ин рӯ, амалиёти зиддитеррористӣ бояд то пурра нобуд кардани ҷангҷӯён идома ёбад», — изҳор дошт Тоқаев.
Дар ҷаласа ҳамчунин иҷрокунандагони вазифаҳои вазирони корҳои дохилӣ ва мудофиа, раиси Кумитаи амнияти миллӣ низ ширкат доштанд. «Тавре роҳбарони сохторҳои қудратӣ гузориш доданд, воҳидҳои неруҳои муштараки посдори сулҳи СААД барои мусоидат ба барқарорсозии тартибот вориди Қазоқистон шуданд. Ин неруҳо ба муддати маҳдуд барои иҷрои вазифаҳои муҳофизат ва таъмини ҳифзи объектҳои стратегӣ омадаанд», — шарҳ дод хадамоти матбуот.
Президенти Қазоқистон ҳамчунин барои ба эътидол овардани вазъ дар кишвар якчанд амр содир кард.
Имрӯз ӯ ба мардуми Қазоқистон дар робита ба вазъи кишвар муроҷиат мекунад.