Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода тағйирот ба қонуни конститутсионӣ “Дар бораи Ҷумҳурии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро баррасӣ кард. Дар ин бора дафтари матбуотии Маҷлиси намояндагон хабар дод.
Гуфта мешавад, ташаббускори тағйирот ба қонун худи ҳукумати кишвар мебошад.
Ба иттилои манбаъ, бар асоси лоиҳаи ҷадид, эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулки узви Ҳукумати Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонуни мубориза бо коррупсия ва қонунгузории андоз амалӣ мешавад. Таъкид шудааст, ки ҳадафи тағйирот мутобиқсозӣ ба қонунгузории андоз ва мубориза бо коррупсия мебошад. Тафсилоти бештари эъломиякунии амволи аъзои ҳукумат феълан ироа нашудааст.
Тибқи қонуни муқовимат бо фасод дар Тоҷикистон, пешниҳоди эъломия аз сӯи довталабони мансаби давлатӣ роҳандозӣ шудааст. Бар асоси ин меъёр, хоҳишмандони кор дар мақомҳои давлатӣ бояд қабл аз оғози кор дар бораи даромад ва амволи манқулу ғайриманқулашон эъломия пешниҳод намоянд.
Илова бар ин, минбаъд пешниҳод накардани эъломия дар бораи вазъи молумулкӣ ё пешниҳоди маълумоти бардурӯғ, барои ба мансаб таъйин накардан ё аз мансаб озод намудан асос мегардад.