Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти КМО Тоҷикистон интихоб шуданд

Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маротибаи чорум Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб шуданд.

Тибқи иттилои манбаъ, Ҷаласаи ҳисоботӣ-интихоботии 21-ум Ассамблеяи генералии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон 28 декабр дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Дар оғоз ҳисоботи Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар солҳои 2017-2021 шунида шуд. Қайд гардид, ки 14 феврали соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар якҷоягӣ бо Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо шароити Кумита баъд аз навсозӣ шинос шуданд, ки муҳимтарин рӯйдоди давраи ҳисоботӣ маҳсуб меёбад.

Бо ҳидояти Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои Кумита аз ҷониби Ширкати ватании “Фароз” бо маблағи 1,6 миллион сомонӣ пурра таъмир шуда, бо таҷҳизоти зарурӣ таъмин гардид. Президенти Кумита, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон якҷо бо Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ Маркази федератсияҳо ва Осорхонаи “Шарафи олимпӣ”-ро ба истифода дода, дар 17-ум ҷаласаи Ассамблеяи генералии Кумита иштирок намуданд.

Кумита соли 2018 дар шаҳри Душанбе ва соли 2019 дар ноҳияи Рашт ду майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дод. Соли 2020 бошад, бо дастури Пешвои миллат мактаб-интернати варзишии ба номи Иброҳим Ҳасанов таъмири капиталӣ карда шуд.

Солҳои 2017-2021 28 варзишгар аз дастгирии молиявии олимпӣ – Токио-2020 бархурдор шуданд, ки маблағи умумии барнома 278800 долларри ИМА-ро ташкил дод. Ҳамчунин мактабҳои варзишӣ, федератсияҳои варзишӣ, варзишгарон бо 16614 адад таҷҳизот ва лавозимоти варзишӣ таъмин гардиданд.

Дар давраи ҳисоботӣ ҳайати олимпии Тоҷикистон дар Бозиҳои зимистонаи Осиё – Саппоро-2017, Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ – Боку-2017, Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ – Ашқобод-2017, Бозиҳои Осиё – Ҷакарта/Палембанг-2018, Бозиҳои олимпии наврасон – Буэнос Айрес-2018, Бозиҳои зимистонаи Бачаҳои Осиё – Сахалин-2019, Бозиҳои олимпӣ – Токио-2020 иштирок карда, дар Бозиҳои ҳамбастагии исломӣ 3 медали биринҷӣ, дар Бозиҳои осиёии дохили толор ва ҳунарҳои размӣ 51 медал (3 тилло, 14 нуқра, 34 биринҷӣ), дар Бозиҳои Осиё 7 медал (4 нуқра, 3 биринҷӣ) ба даст оварданд.

Сипас аъзои Ассамблеяи генералии КМО Тоҷикистон роҳбарияти Кумитаро барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб карданд.

Номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби 15 ташкилоти узви КМО Тоҷикистон пешбарӣ гардида, якдилона Президенти Кумита интихоб шуданд.

Саҳми Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди варзиш ва дастгирии варзишгарон беназир буда, маҳз бо дастгирӣ ва дастуру ҳидоятҳои Ҷаноби олӣ дар ҷумҳурӣ ҳудуди 10 000 иншооти варзишӣ бунёд гардидааст. Ҳамчунин бо ташаббуси Пешвои миллат аз соли 2007 дар қаламрави кишвар якшанбеи сеюми моҳи майи ҳар сол Рӯзи дави миллӣ баргузор шуда, соли 2015 Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ таъсис ёфт.

Дар ҷаласа, ҳамчунин Раҳмонзода Абдулло (муовини аввали раиси Федератсияи тенниси Тоҷикистон ) ва Назаров Дилшод (раиси Федератсияи варзиши сабуки Тоҷикистон) ноибони Президенти КМО Тоҷикистон, Абдуллозода Муҳаммадшо (котиби генералии Ассотсиатсияи намудҳои зимистонаи варзиш) котиби генералӣ, Измайлова Екатерина (узви Комиссияи варзишгарони КМО Тоҷикистон), Қаландарова Шоҳида (узви Федератсияи ҷудои Тоҷикистон), Маҳамадализода Абдулло (котиби генералии Федератсияи чавгонбозии Тоҷикистон), Саидов Ҳусейнҷон (узви Федератсияи ҳендболи Тоҷикистон) ва Хайруллоева Нигина (котиби генералии Федератсияи каратэ-дои Тоҷикистон) аъзои дигари Кумитаи иҷроияи КМО Тоҷикистон барои давраи солҳои 2022-2024 интихоб гардида, нақшаи кор ва нақшаи буҷети Кумита барои соли 2022 тасдиқ шуданд.