Шералӣ Мирзо аз аҳамияти Созишномаи Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ гуфт

Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шералӣ Мирзо гуфт, ки Созишнома миёни вазоратҳои  мудофиаи Тоҷикистон ва Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ ба ҳар ду кишвар дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ мусоидат хоҳад кард. Ин нукта зимни муҳокимаи парлумонӣ, ки 22 декабр дар ҷаласаи Иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати шашум таҳти раёсати Маҳмадтоир Зокирзода баён шуд.

Тавре АМИТ “Ховар” хабар медиҳад, ба маълумоти Шералӣ Мирзо, лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ аз 10 июни соли 2021», дар асоси моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади тасдиқи он ҷиҳати эътибор пайдо намудан пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади мустаҳкам намудани ҳамкорӣ миёни вазоратҳои мудофиаи ҳарду кишвар дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ, аз ҷумла муқаррар намудани самтҳо ва тартиби ҳамкорӣ ба имзо расонида шуд.

«Дар доираи созишнома ташрифи расмии роҳбарон ва вохӯрии кори мутахассисон доир гардида, мубодилаи мутақобилаи иттилоот доир ба вазъият дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва дар ҳудуди давлати тарафҳо машғулияти муштарак ва махсус гузаронида мешаванд», — тавзеҳ дод Вазири мудофиа.

Ба иттилои ӯ, амалигардонии созишнома аз нигоҳи иқтисодию молиявӣ хароҷоти иловагӣ талаб накарда, дар доираи маблағҳои буҷетии ба соҳаи мудофиаи кишвар пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.

«Тасдиқи он ба қонунгузории ҷумҳурӣ мухолифат накарда, зарурати ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад, — гуфт Шералӣ Мирзо. — Бо дарназардошти болоравии таҳдиду хатарҳои минтақавӣ, аз ҷумла густариши гурӯҳҳои террористию экстремистӣ дар минтақа, амалигардонии созишномаи номбурда ба манфиати таъмини амнияти миллии ҳарду кишвар арзёбӣ мегардад».

Бояд тазаккур дод, ки дар иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон «Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи истифодабарии фазои ҳавоӣ ва аэродромҳо», «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиаи зиддиҳавоӣ» ва «Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Узбекистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи разведкаи ҳарбӣ»-ро тасдиқ намуданд.

Мавриди зикр аст, ки созишномаҳои мазкур 10 июни соли 2021 зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон ба имзо расиданд.