СҶТ: як роҳи пирӯзӣ бар коронавирус мавҷуд аст

Раиси Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Гебрейесус як роҳи пирӯзӣ бар бемории дунёгири коронависро гуфт.

Ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд қувваҳоро муттаҳид намуда, 70 дарсади аҳолии кишвар ваксина дар нимаи соли 2022 ва бар зидди коронавирус эмин шаванд. Тедрос Гебрейесус, раиси СҶТ дар мусоҳиба бо нашрияи “Известия” дар ин бора иттилоъ дод.

Ба таъкиди ӯ, ҳукуматҳо бояд чораҳои махсуси тандурустиро барои омӯзиши штаммҳои нав идома диҳанд. Вай аз сокинони сайёра даъват кард, ки ниқоб пӯшанд, масофаи иҷтимоиро риоя кунанд ва аз таҷаммӯи мардум дурӣ ҷӯянд.

СҶТ инчунин зарурати бунёди системаҳои мустаҳкамтари амнияти тандурустӣ ва маблағгузории кумаки аввалияи тиббиро мебинад.

Ба иттилои ин созмон, шумори беморони COVID-19 дар ҷаҳон аз 276 миллион нафар гузашта, 5,3 миллион нафар фавтидаанд.