АСОСҲОИ ҲУҚУҚӢ ВА АҲАМИЯТИ СИЁСИИ МАҚОМИ ПОЙТАХТ

 Ҳамасола шанбеи сеюми моҳи апрел дар мамлакат Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад. 

Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади дорои эътибори олии ҳуқуқӣ асоси ҳуқуқии мақоми пойтахтро дар моддаи 4 мустаҳкам намудааст, ки пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе аст.

Пойтахти азизамон- шаҳри Душанбе таърихи бениҳоят ғанӣ дошта, асоси шаҳрдориву мавҷудияти пойтахтро дар ҳар давру замони таърихӣ хусусияти шаҳрнинишиву шаҳрсозӣ ва шаҳрофари доштани мардуми шарифи халқи тоҷик шаҳодат медиҳад.

Шаҳри Душанбе-ҳамчун маркази маъмурии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон» маркази маъмурию сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, илмию таълимӣ ва таърихию фарҳангии мамлакат мебошад, ки мақоми махсуси давлатӣ дошта, дар он қароргоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дафтардории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, мақомоти олии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва намояндагиҳои созмонҳои байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд.   Мутобиқи қонунгузории мамлакат, функсияҳои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ амалӣ карда шуда, дар заминаи функсияҳои муайянгардида шароити мусоид барои иҷрои вазифаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон фароҳам оварда шуда, имконияти рақобатпазирии пойтахт дар байни пойтахтҳои давлатҳои дигари ҷаҳон баланд бардошта шуда, бунёди шаҳр бо рушди устувор ва рушди пойтахт ҳамчун маркази равобити байналмилалӣ самти афзалиятноки амалисозии функсияҳои асосии пойтахт маҳсуб мешавад.

Инчунин фароҳам овардани шароити мусоид барои амалигардонии фаъолияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти марказии ҳокимияти давлатӣ, инчунин намояндагиҳои дипломатии давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои умумидавлатӣ ва байналмилалӣ ва амалигардонии дигар функсияҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, вазифаҳои муҳимтарини мақомоти давлатӣ дар амалисозии функсияҳои пойтахт мебошанд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барномаҳои мақсадноки рушди шаҳри Душанбе, амалӣ намудани нақшаҳои сохтмон, таъмиру таҷдид ва нигоҳдории объектҳо, нигоҳдорӣ ва рушди воситаҳои алоқа, роҳҳои автомобилгард, низоми нақлиёт дар ҳудуди шаҳр, рушди объектҳои хоҷагии коммуналию манзилӣ, ки барои қонеъ гардонидани ниёзҳои коммуналию маишии аҳолии шаҳри Душанбе нигаронида шудаанд, тарҳрезӣ намуда, чорабиниҳои мухталифро оид ба ҳифзи табиат, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарӣ аз сӯхтор, инчунин ташкили чорабиниҳо барои бартараф намудани оқибати офатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулода, пешгирӣ намудани онҳо ва расонидани кумак ба зарардидагон ба таври доимӣ ташкил ва бо сифати баланд амалӣ менамояд.

Хусусан рушди босуръати пойтахтамон- шаҳри Душанбе дар даҳсолаи охир бозгӯи татбиқи босифати санадҳои меъёрии ҳуқуқии кишвар мебошанд. Дар ин давра вобаста ба таҳкими заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва рушди тамоми соҳаҳо якчанд барномаҳои давлатии соҳавӣ, ки имкони таҳким ва тақвияти соҳаҳоро аз лиҳози  пурра ба танзими ҳуқуқӣ фаро гирифтани муносибатҳои ҷамъиятӣ ва такмили заминаҳои моддию техникӣ ва инфрасохтории соҳаҳо қабул ва мавриди амал қарор гирифтанд, ки натиҷагирии фаъолияти сохторҳои гуногуни давлатӣ аз қабули саривақтӣ ва муҳимияти онҳо шаҳодат медиҳад.

Имрӯз шаҳри Душанбе мизбони тамоми чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ мебошад. Фаъолияти шаҳрсозӣ, меъморӣ, бунёди боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, гулгашту мавзеъҳои истироҳатӣ, варзишгоҳҳо ва майдончаҳои варзишии замонавӣ, марказҳои дарёфти рушди истеъдодҳо ва паркҳои технологӣ, қомат афрохтани биноҳои истиқоматии бисёрошёна, боғчаву мактабҳо бо тамоми шароити инноватсионӣ ва китобхонаву муассисаҳои фарҳангӣ симои ягонаи меъмории пойтахтро ба вуҷуд оварда, барои меҳмонону сокинони пойтахт имконияти сайри бофароғат ва худташаккулёбии ҳамаҷонибаро фароҳам овардааст.

Ба роҳ мондани ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои рушди пойтахт яке аз тадбирҳои дурбинонаи роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе буда, давоми солҳои охири рушди босуръати пойтахт шаҳри Душанберо дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун пойтахти фарҳангӣ, сайёҳӣ ва ҳамчун амнтарин шаҳр муаррифӣ намудааст.

Таҳлили вазъи татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки асосҳои ҳуқуқии мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мустаҳкам намудааст, муайян намуд, ки функсияҳои пойтахт, хусусиятҳои идоракунии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар пойтахт, фаъолияти меъморӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмон дар пойтахт, таъмини бехатарӣ ва тартиботи ҷамъиятӣ, таъминоти моддиву молиявӣ ва ҳамкории байналмилалӣ дар самти рушди пойтахт маҳз бо шарофати заҳмату талошҳо ва иқдоми беназири Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар сатҳи сифатан нав ва босифат амалӣ гардида, Душанбе ба шаҳри зебову дилоро, ободу озода, гулпӯшу сабз ва ба як гӯшаи сайёҳии ҷаҳон табдил ёфтааст.

Ҳамасола тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз 1 марти соли 2005 шанбеи сеюми моҳи апрел дар  мамлакат  Рӯзи пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон- шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.

Бахшида ба ин рӯз дар шаҳри Душанбе силсилачорабиниҳои мухталифи фарҳангӣ, маърифатӣ ва варзишӣ барои меҳмонону фароғати сокинон дар сатҳи баланд, дар фазои идонаи мутантан дар заминаи сулҳу субот ва ваҳдату якдилии мардум баргузор карда мешаванд, ки ин ҳама ба шарофати пойдории истиқлоли давлатӣ аст.

Дар робита ба ин масъулияти сокинону бошандагони пойтахт низ барои нигоҳдошти нуфузу эътибор ва мақоми пойтахт бениҳоят калон буда, моро мебояд ҳамчун миллати шаҳрсоз ва шаҳрдору шаҳрнишин намунаи ибрати ободкорӣ, маданияти шаҳрнишинӣ, одоби муошират, покии забон, гуфтору рафтор, либоспӯшӣ ва муҳимтар аз ҳама, намунаи нангу номуси ватандӯстӣ, меҳандӯстиву ватанпарастӣ ва худшиносию худогоҳии миллӣ бошем.

Муҳаббатамонро ба шаҳри Душанбе-муаррифи таъриху фарҳанги миллат бо рафтори намунавӣ собит намоем. Бо заҳмати аҳлонаи худ пойтахти Тоҷикистони азизамонро ба шаҳре табдил диҳем, ки он воқеан боиси ифтихори кулли мардуми мамлакат ва макони диданию дӯстдоштаи меҳмонону сайёҳон гардад.

Дилноза Аҳмадзода, вакили Маҷлиси намояндагони

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бознашр аз АМИТ «Ховар»