Бозтоби муҳимтарин нукоти Паёми солонаи Президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ, афзоиши нархи убур аз роҳи пулакии “Душанбе – Чаноқ”, мушкилоти дарёфти қарзҳои дарозмуддат аз бонкҳо барои хариди манзил ва ворид шудани “Фалак” – мусиқии суннатии мардуми тоҷик ба феҳристи ҷаҳонии мероси фарҳангӣ аз мавзӯъҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 21 декабр матни комили Паёми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» чоп кардааст.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 20 декабр менависад, ки Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи навбатӣ лоиҳаи Қонун «Дар бораи дастгирии давлатии соҳаҳои комплекси агросаноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тасвиб расонданд.
Сулаймон Зиёзода Вазири кишоварзӣ дар ин ҷаласаи парлумон таъкид кардааст, ки тибқи ин лоиҳаи Қонун соҳаҳои комплекси агросаноатӣ мавриди танзими давлатӣ қарор гирифта, аз ҷумла тавассути андешидани чораҳои рушди қарздиҳии соҳаҳои афзал, ҷудо намудани кӯмаки молиявӣ, хариди маҳсулоти кишоварзӣ бо нархҳои кафолатӣ, танзими содироту воридоти маҳсулот, таҷҳизондан бо техникаю технологияи замонавӣ, татбиқи чораҳои танзими буҷетӣ, андозбандӣ ва гумрукӣ дастгирӣ карда мешаванд.
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 21 декабар аз ҷаласаи шашуми якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум гузориши мукаммал чоп кардааст.
Инчунин дар шумораи рӯзи 20 декабр нашрия қарорҳои қабулшуда дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллиро, ки ба бозхонд ва интихоб намудани судяҳои Суди Олӣ, Суди олии иқтисодӣ ва Суди конститутсионии кишвар дахл дорад, нашр кардааст.
Дар баробари ин дар шумораи мазкур мақолаҳое бо номи “Ҷузъе аз сарнавишт”, “Қонунофар, табиб ва роҳбари муваффақ” ва “Хидматгори халқ” чоп шудаанд, ки аз ҳаёту фаъолияти арбоби давлатӣ Амришо Мирлаев, доктори илмҳои тиб, профессор Убайдулло Қурбон ва Ғаффорзода Абдуҳалим, раҳбари ҳизби сотсиалистӣ, вакили Маҷлиси Намояндагон қисса мекунанд.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 22 декабр дар сафҳаи аввали хеш акси бузурге аз Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп карда, бо ишора ба муҳимтарин нукоти Паёми солонаи Президент ба Маҷлиси Олӣ навиштааст, “нигаронии Президент аз дарди сари мансабдорон то усули дарсгузарии муаллимон.”
Дар идомаи ҳамин мавзӯъ нашрияи “Тоҷикистон” мақолае бо номи “Паём-пойдевори мустаҳкам барои тақвияти иқтидори иқтисодӣ” чоп карда, муҳимтарин бандҳои марбут ба бахши иқтисодро аз Паёми солонаи Президенти кишвар бознашр кардааст.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре ба ҳодисаи пурсарусадои таҳқир ва латукӯби ду духтари 15-сола дар маркази шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ карда навиштааст, ки мақомоти интизомӣ дар як муддати кӯтоҳ ду ҷавони гумонбар дар ин ҷиноятро боздошт кардаанд. Нашрия аз қавли модари яке аз духтарони ҷабрдида навиштааст, ки “ин ҷавонон аз қишре ҳастанд, ки фикр мекунанд агар духтар шим пӯшида, мӯйҳояшро боз гузоштааст, пас фоҳиша аст…”
Дар ин росто муаллиф аз иқдоми раёсати ВКД дар баргузории озмун барои шаҳрвандони фаъоли пойтахт ситоиш кардааст, ки дар натиҷаи ҳамкории зичи ҷомеа бо милитсия, чандин кирдорҳои ғайриқонунӣ дар пойтахт ошкор шуда, гунаҳкорон ҷазо гирифтанд.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” низ дар сафҳаи аввали шумораи рӯзи 23 декабр акси бузурге аз Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чоп карда, дар ду сафиҳаи баъдӣ муҳимтарин нукоти Паёми солонаи Президент ба Маҷлиси Олиро баррасӣ кардааст.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре мавзӯи дастрасӣ ба қарзҳои дарозмуддати бонкӣ барои харидории манзилро матраҳ карда навиштааст, ки дар Тоҷикистон ҳамагӣ се бонк ин гуна хидматрасониро пешниҳод мекунад.
Муаллиф навиштааст, ки қарзҳои хариди манзил ё худ ипотека аз 5 то 10 сол муҳлат дошта, аммо фоизи солонаи ин қарзҳо хеле баланд буда, бо пули миллӣ аз 21 то 30 фоиз ва бо доллар аз 12 то 18 фоизи солонаро ташкил медиҳад. Ба хулосаи муаллиф, бо чунин шарту шароити пешниҳодшуда аз сӯи бонкҳо амалан дарёфти қарзҳои дарозмуддат барои харидории манзил барои бештари мардум дастрас нест.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 22 декабр посухи “IRS” – ширкати пулчин дар роҳи “Душанбе-Чаноқ” дар мавриди сабабҳои афзоиши нархи ҳаракат тариқи ин роҳи мошингузарро нашр кардааст.
Ширкати “IRS”, ки то ҳол номи молики он барои ҷомеаи Тоҷикистон маълум нест, иддао кардааст, ки сабаби афзоиши нархи убур аз ин роҳ шурӯъ аз соли 2022 ин таъсири буҳрони молиявии ҷаҳонӣ ба фаъолияти ширкати мазкур 2,5 баробар беқурб шудани пули миллӣ нисбат ба доллар ва тасмим барои афзоиши музди меҳнати кормандони ширкат аст.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар матлаби дигари ин шумораи худ аз муҳоҷирати табибони соҳибтаҷриба ба хориҷи кишвар изҳори нигаронӣ кардааст.
Нашрия аз қавли Ҷӯрабой Саидов, муовини сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон навиштааст, ки дар давоми солҳои 2020-2021 аз муассисаҳои тандурустии ин вилоят 83 нафар табиб бо сабабҳои мушкилоти иқтисодӣ ва надоштани манзили зист тарки соҳа карда, ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд.
Ба гуфтаи номбурда, нигаронкунанда он аст, ки аз ин миён 54 нафар табиб танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба муҳоҷират рафтаанд ва ин рақам нисбати соли гузашта 2 баробар зиёд аст.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи масъулин, айни замон муассисаҳои тандурустии вилояти Хатлон ба норасоии кадрӣ мувоҷеҳ буда, ба 700 табиб ниёз доранд.