Шӯрои ВАО: Ҳуриннисо Ализода раис шуд

Ҳуриннисо Ализода, корманди ҳафтаномаи “Минбари халқ” роҳбари нави Шӯрои воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон баргузида шуд. Ин тасмим имрӯзи 24 декабр дар нишасти солонаи шӯро гирифта шуд.

Симати нави Ализода дар ҳузури мақомоти давлатӣ, намояндагони созмонҳои байналхалқӣ, хабарнигорон ва сардабирони расонаҳои кишвар эълом гардид.

Гуфта мешавад, ки интихоби раиси нави Шӯрои ВАО бар пояи ба даст овардани овози бештар сурат гирифтааст.

Ҳуриннисо Ализода солҳои қабл масъулияти сармуҳарририи маҷаллаи “Бонувони Тоҷикистон” ва муовинии Китобхонаи миллии Тоҷикистонро бар дӯш дошт. Солҳои ахир ба унвони хабарнигори нашрияи “Минбари халқ” фаъолият дорад.

Бояд гуфт, ки то интихоби Ализода роҳбари Шӯрои ВАО сармуҳаррири ҳафтаномаи ҳизбии “Минбари халқ” Бахтиёр Ҳамдамов буд.

Ҳамчунин дар ин ҷаласа ба унвони аъзои нави раёсати Шӯрои ВАО – Илҳоми Ҷамолиён, Раҷаби Мирзо ва Носирҷон Маъмурзода интихоб шуданд. Ин Шӯро дар маҷмӯъ дорои 9 узви раёсат мебошад.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои ВАО созмони мустақили рӯзноманигорӣ буда, пуштибонӣ аз ҳуқуқи рӯзноманигорон менамояд ва риояи меъёрҳои ахлоқи касбиро дар расонаҳо таҳлил мекунад.

Раёсати Шӯрои ВАО-ро дар солҳои пор Зиннатулло Исмоилзода, Қироншоҳ Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло, Шаҳло Акобирова ва Бахтиёр Ҳамдамов ба зимма доштанд.