Шарҳи матубот: Сафари Пешвои миллат ба Суғд, аъмоли хоинонаи раҳбарони ТТЭ ҲНИ ва КОВИД-19

Дар меҳвари таваҷҷуҳи аксари рӯзномаву ҳатаномаҳо сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ифшокориҳо дар мавриди аъмоли раҳбарони ТТЭ ҲНИ ва масоили вобаста ба мубориза бо бемории ҳамагирӣ КОВИД-19, қарор дорад.

“Ҷумҳурият”

    “Ҷумҳурият” нашрияи расмии ҶТ дар шумораи рӯзи 2 июл дар сармақоали худ дар мавриди идомаи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд хабари муфассал чоп кардааст.

Нашрия навиштааст, ки рӯзи 1 июл Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳоти Нофароҷи шаҳри Истаравшан ду хати нави технологии истеҳсоли нӯшокиҳои ташнагишикан, афшураву шарбат ва ғизои кӯдакона бо шаҳду шарбатҳо ва мураббои мевагӣ дар Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Оби Зулол” – ро мавриди истифода қарор доданд.

Ҳамчунин сарвари давлат дар рӯзи дуюми сафари кории худ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, дар деҳаи Далёни Болои ноҳияи Деваштич беморхонаи ноҳиявии № 5 – ро ифтитоҳ намуданд.

Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 1 июл дар саҳфаи аввали хеш мақолае таҳти унвони “Ҳазён ё талвосаи ҳасуду хоинони ватанфурӯш” чоп кардааст.

Муаллифи матлаб таъкид кардааст мушкилоти бемории сироятии COVID – 19 собит сохт, ки дар ин айёми ҳассос тамоми кишварҳо дар мубориза бо он муттаҳид шуда, дасти ҳамдигар мегиранд, худ дар вазъияти душвор бошанд ҳам, ёрӣ ба дигар кишварҳоро воҷиб мешуморанд.

Ҳамзамон ба навиштаи муаллиф боиси таассуф аст, ки фурсатталабони ТТЭ ҲНИ дар саҳифаҳои интернетӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ боз ба ифроту тафрит, туҳмату буҳтон ва нифоқу дурӯғпароканӣ дар ҳаққи мардуми шарифи Тоҷикистон ва роҳбарияти он даст заданд, ки беш аз ҳазён ва об дар ҳован кӯфтан нест.

“Ҳасудону хоинони ватанфурӯш бо ин амал симои манфур ва ботини сиёҳи хешро бори дигар ифшо сохтанд, ки ин ба талвосаи ҷонкании мори саркӯбшуда шабоҳат дорад”-навиштааст муаллифи матлаб.

“Ҷаҳони паём”

 “Ҷаҳони паём” – нашрияи Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати ҶТ дар саҳфаи аввали хеш дар бораи сафари кории Пешвои миллат ба вилояти Суғд ахбори муфассал чоп кардааст .

Дар саҳфаи дигари худ ҳафтаномаи мазкур назари чанд тан аз рӯзноманигорон ва ашхоси кабсу кори мухталифро дар мавриди роҳҳои беҳтар кардани сифтаи барномаҳо ва таҳкими робита байни телевизиону тамошобин ва радиову шунаванда чоп кардааст.

Илҳомҷон Ҳамидиён устоди факулатаи журналистикаи ДМТ дар ин замина гуфтааст, ки бояд аз қолабҳои шахшуда ва обшуста даст кашида, барномаҳо набояд бахотири ҷадвал(сетка) ва таҳияи барномаи “навбатӣ” омода шаванд.

Ба гуфтаи вай барномаҳо бояд ҷиҳати ҳалли мушкил ва расонидани паём таҳия шаванд. Дар ин замина, Илҳомҷон Ҳамидиён аз баррасии мавзуи афзоиши нархи интернет дар барномаи “Фурсати баён” ёдовар шуда, гуфтааст ин барнома собит намуд, ки Радиои Тоҷикистон шунаванда дорад ва метавонад барномаҳои шуниданӣ таҳия кунад.

Аз сӯи дигар  журналист Зокир Ҳасан  гуфтааст, ки аксари идеяҳо аз телевизионҳои хориҷӣ гирифта мешавад ва ин барномаҳо бояд бо фарҳанг, фаҳмиш, хоҳиш ва психологияи тамошобини тоҷик мувофиқ карда шаванд.

Нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе дар мавриди муҳимтарин руйдодҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар хабар ва мақолаҳои таҳлилӣ чоп кардаанд.

Дар меҳвари таваҷҷуҳи аксари рӯзномаву ҳатаномаҳо сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ифшокориҳо дар мавриди аъмоли раҳбарони ТТЭ ҲНИ ва масоили вобаста ба мубориза бо бемории ҳамагирӣ КОВИД-19, қарор дорад.

“Фараж”

     Ҳафтаномаи “Фараж” дар сармақолаи худ дар мавриди сафари кории Пешвои миллат ба шаҳру навоҳии вилояти Суғд матлабе чоп карда, дар он аз натиҷаҳои боздиди президенти кишвар аз ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров ва Деваштиҷ ахбори муфассал чоп кардааст.

Нашрияи “Фараж” дар матлаби дигари хеш сабаби ғарқшавии сокинони вилояти Хатлон  дар кӯлу дарёҳоро баррасӣ кардааст. Муаллиф дар ин замина навиштааст, ки яке аз сабабҳои асосӣ сар задани ҳодисаҳои нохуш дар куллу дарёҳо набудани ҳавзҳои ҳозиразамони шиноварӣ аст.  Дар ин матлаб таъкид мешавад, ки аз 33 ҳавзи ниоварии мавҷуд дар вилояти Хатлон, аксари онҳо фаъолия намекунанд.

Аз сӯи дигар дар шаҳру навоҳии Дӯстӣ, Хуросон, Ҷайҳун, Панҷ, Носири Хусрав, Балҷувон, Темурмалик, Фархор, Шамсиддини Шоҳин ва Мир Саид Алии ҳамадонӣ уман шавзи шиноварӣ вуҷуд надорад.

“СССР”

      Ҳафтаномаи “СССР” дар равзанаи сардабир мақолае таҳти унвони “Имзо…ва мавқеъ” чоп кардааст. Сайёфи Мизроб дар ин матлаби хеш аз беғайратӣ ва бетафовутии бархе аз олимону донишмандон ва адибони кишвар дар амри дифоъ аз манфиатҳои миллӣ ба шиддат интиқод кардааст.

Муаллиф дар нигоштаи хеш ин масъаларо дар миён гузоштааст, ки чаро бархе олимону донишмандон ва таърихшиносону рӯзноманигорон ор медонанд, ки бо имзои хеш аз манфиатҳои миллӣ дифо кунанд? Ба хулосаи муаллиф аз ҳама бештар дар шароити кунунӣ  афроди ду рӯя хатарноканд!!!

“Имрўз News”

 “Кабирӣ бо авдодаш мехўрад, назҳатиҳо тамошо мекунанд!”-  зери ин сарлавҳо  рўзномаи  “Имрўз News” мақолаеро ба нашр расонида, он аз тасаруфи маблағҳои ҳангуфт, ки М Кабирӣ аз сармоягузорони хориҷӣ ба хотири халалдор намудани вазъи сиёсиву иқтисодии кишвар гирифтааст,  қисса мекунад.

Нашрия мазкур бо такя ба санадҳои мушаххаси амалиётҳои бонкӣ иддаъ кардааст, ки дар 7 соли охир М. Кабирӣ бо баҳонаи пешбурди  барномаҳои зидди Ҳукумати Тоҷикистон аз маблағгузорони хориҷӣ муодили беш аз бо 8 миллиону  143  ҳазор доллари ИМА  дарёфт карда, ин маблағҳоро  ҳамроҳи хешовандон  ва одамони наздикаш аз худ кардааст.

Ба навишати ин рӯзнома  ҳоло дар бораи ҳудуди 5 миллион доллари дигари М. Кабирӣ онро аз манбаъҳои гуногун «барои тақвияти фаъолияти ТЭТ  ҲНИТ»  бадаст оварда, байни фарзандон ва хешу табораш тақсим кардааст, низ  маълумотҳо  бадаст омадаанд. Аммо ин маълумотро  танҳо пас аз санҷидан шудан ҳафтаҳои наздик нашр мекунад.

“Тоҷикистон”

      Ҳафтаномаи  “Тоҷикистон” дар матлабе бо номи “Маршруткаҳои бенизом” навиштааст, ки  аксари микроафтобусҳои пойтахт поймолкунандаи ҳуқуқи мусофирон ва паҳнкунандаи бемории КОВИД-19  ҳастанд. Муаллиф дар ин матлаб таъкид кардааст, ки дар аксари мусофирбарҳои хурд фосилаи миёни мусофирон риоя нашуда, инчунин на ҳама мусофирон ниқоби тиббӣ доранд.

Дар матлаби дигари ҳафтаномаи “Тоҷикистон” мавзуи асароти манфии дуди ангишсанги тарабхонаҳои маҳалаи мавсум ба 1-ум  ба манзилҳои маскунии атроф ва Маркази тибии рақами 1 ба номи Карим Аҳмадов (беморхонаи Советский)  дар ин минтақа баррасӣ шудааст.

Дар ин мақола  сокинони атрофи тарабхонаҳо аз дуди ғализи ангишт шикоят карда,  гуфтаанд то ҳол ягон мақомоти масъул ба доди онҳо нарасидааст. Илова бар ин муаллиф таъкид кардааст, ки вуҷуди ин миқдор сихкабобхонаҳо дар наздикии бемористоне, ки касалиҳои КОВИД-19 табобат мегиранд, аслан қобили қабул нест.

Аҳмадшоҳ Комилзода  журналист ва таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ дар рўзномаи “Тоҷикистон”  аз ҳаёт ва фаъолияти қаҳрамони ду таҳавулоти  бузург дар Афғонистон, Аҳмадшоҳи Масъуд  ёдовар шудааст.

Муаллиф аз қаҳрамониҳои шерри Панҷшер ва ашкрезии  фаронсавидухтари журналист Франсуа дар Конфронси байналмилалии “Масъудшиносӣ”  дар  шаҳри Кобул ёдовар шуда,   нигоштаст, ки  дар рўзи  аввали солгарди ёдбуди  Аҳмадшоҳи Масъуд  аз гўшаву канори  ҷаҳон   одамони зиёде омада буданд.

Ин қишири башариро аз гўшаву канори ҷаҳон далериву шуҷоатии Масъуд, ки таи 23 сол аз кишвараш берун нарафта, кўҳҳои Панҷшерро сипари худ қарор дода,  барои озодихоҳони   Афғонистон дар набар буд,  ба ҳам овард.

Муаллиф дар идома менависад , ки пас ас аз солҳо корвони сабзи  догстони ин  номвари  Хуросон  шаҳр ба шаҳру манзил ба манзил  меравад. “Ному шуҳрати  Аҳмадшоҳи масъуд  дар назди  мардуми озодидўсту ҳақталош  ба вусъати  як баҳри  бкарон  аст,  ишқу муҳаббати ў дар қалби фарзандони баномуси ҷаҳон  ҷовидоӣ ҷой гирифт”- хулоса кардааст муаллиф.

Зиёратшои Аҳмадшо

Радиои Тоҷикистон

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *