Бозии даври финалии Ҷоми Тоҷикистон миёни дастаҳои “Истиқлол”-и шаҳри Душанбе ва “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд 9-декабр дар варзишгоҳи “20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” баргузор гардид.
Бозӣ бо натиҷаи 0:2 ба фоидаи “Хуҷанд” ба охир расид. Қисмати асосии бозӣ бо ҳисоби 0:0 анҷом ёфт ва сардовари ин бозӣ ба вақти асосии дидор 30 дақиқа (ду қисми 15-дақиқагӣ) илова намуд. Футболбозони шаҳри Хуҷанд дақиқаҳои илова намудаи доварро самаранок истифода бурда, дар дақиқаи 105-ум бо голи задаи Ҳоҷибой Зиёев ҳисоби бозиро кушода бошгоҳи “Хуҷанд”- ро ба пеш бароварданд. Футболбозони “Хуҷанд” бо талошҳои зиёд тавонистанд дар дақиқаи 117-ум бо голи задаи Артём Сердюк голи ғалабаовари ин рақобатро ба самар расонида, Қаҳрамони Ҷоми Тоҷикистон дар соли 2021 гарданд. Тибки иттилои Федератсия футболи Точикистон ракобати финалии Чоми Точикистон-2021-ро зиёда аз 20 хазор мухлис тамошо карданд.
Қаблан дастаи ғолиб солҳои 1997, 1998, 2002, 2008 ва 2017 дар финали мусобиқаи мазкур пирӯз гардида буд.