Анҷоми мавсими тирамоҳии даъвати ҷавонон ба сафи артиш, тақвияти тадбирҳо барои ҷалби мардум ба ваксиназанӣ зидди коронавирус ва норизоятӣ аз қазовати ҳакамон дар Озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ….” аз мавзуҳои меҳварии аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе аст.
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 8 декабр хабар додааст, ки 7 декабр Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ҳисор мамнуъгоҳи ҳайвоноту парандаҳоро ифтитоҳ карданд.
Дар нишебиҳои кӯҳ ва минтақаҳои душворгузар, зиёда аз 400 000 ниҳоли гуногуни мевадиҳанда, сояафкан, ороишӣ ва гулҳо шинонда шудаанд. Ҳамзамон, дар минтақа зиёда аз 1 миллион бех ниҳоли пистаи маҳаллӣ парвариш мегардад, ки ин тадбир дар таърихи кишвар бесобиқа мебошад. Инчунин дар мамнуъгоҳ қариб 22 000 сар ҳайвоноту паррандаҳои гуногун мавҷуд аст, ки қисме аз онҳо маҳаллӣ ва қисми дигарашон аз Россия, Полша, Фаронса, Беларус ва дигар кишварҳои Аврупо оварда шудаанд. Аз ҷумла, дар мамнуъгоҳ бедонаҳои маҳалливу хориҷӣ, кабки фаронсавӣ, намудҳои гуногуни харгӯш, тазарви фаронсавӣ, шутурмурғ, мурғҳои марҷони маҳаллӣ, русиву фаронсавӣ ва оҳу парвариш карда мешаванд.
Нашрияи “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 3 декабр матлабе бо номи «Мусофири афғон: «Шукри Сарвари худ кунед!» чоп карда, аз гуфтаҳои як муҳоҷири афғонӣ, ки дар роҳи Кӯлоб – Дарвоз ҳамсафараш будааст, чунин нигоштааст: «Дидем, ки қитъаи харобшудаи роҳ ҳам ба ҳолати аввала баргардонида шуду ҳаракати нақлиёти мусофиркашу боркашон барқарор гардид. Дар мавзеи зебову муносиб барои хонаводаҳое, ки бар асари сел зарар диданд, Ҳукумати Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ хонаҳои нав бо тамоми шароит сохта дод. Мактаб, бунгоҳи тиббӣ бунёд кард. Ва мо – хонабардӯшони он тарафи дарё ҳамаи инро назора мекардему ҳавас мебурдем…».
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 7 декабр дар мақолае навиштааст, ки иддае аз сокинони деҳаҳои музофоти Кӯлоб аз истифодаи нерӯи барқ маҳруманд ва манзилҳояшонро бо шамъ равшан мекунанд. Нашрия бо такя ба Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ дар минтақаи Кӯлоб» иттилоъ медиҳад, ки алҳол аҳолии 93 деҳа дар ҳафт ноҳияи минтақа аз барқ маҳруманд. Таассуфовар аст, ки ин омор тайи чанд сол боз бетағйир мондааст.
Ба таъкиди муаллиф гоҳ – гоҳе қатъ шудани қувваи барқ амри табиист, вале ба ин ҳад аз барқ маҳрум будани сокинон, хоса, бо сабаби надоштани трансформатору ноқилу пояҳои сими барқ ва он ҳам дар асри ХХI, бисёр аламовар ва боиси таассуф аст. Бинобар ин, масъулинро мебояд, ки ҳар чи зудтар аз пайи ҳалли ин мушкили мардум шаванд!
Нашрияи “Садои мардум” дар мақолаи дигаре навиштааст, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтани табибони беморхонаҳои ноҳияи Шаҳринав масъулонро нигарон кардааст.
Сартабиби беморхонаи марказии ноҳия Ғиёсиддин Раҳимов гуфтааст, ки соли гузашта 7 табиби дорои маълумоти олӣ ва имсол 8 духтури баландихтисоси беморхона, ки таҷрибаи беш аз даҳсолаи кор доштанд, аризаи аз вазифа озод шуданро навишта, барои кор ба Руссия муҳоҷират карданд.
Дар баробари онҳо, 32 ҳамшираи тиббӣ низ тарки пеша карда, 10 нафарашон ба Руссия оилавӣ кӯч бастанд. Ба гуфтаи сардухтури ноҳия бештари онҳо эҳтиёҷ ба манзили зист доштанд ва ҳамчунин маошашон барои пешбурди зиндагӣ басанда набуд.
Муаллиф дар идома менависад, ки бо назардошти ин ҳолат, бахши тандурустии ноҳияи Шаҳринав бо норасоии кадр мувоҷеҳ шуда, айни замон ба табибони оилавӣ, дандонпизишк, ҷарроҳ, осебшинос, анестезиолог, реаниматолог, момодоя ва духтури кӯдакона эҳтиёҷ дорад.
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 8 декабр мақолае бо номи “Облава доимӣ шуд” чоп карда навиштааст, бо вуҷуди он ки даъвати тирамоҳӣ ба поён расид, аммо тибқи тартиби нав ҷалби шаҳрвадони синни даъватӣ идома меёбад. Яъне омодагӣ ба даъвати баҳорӣ аз ҳоло шурӯъ мешавад.
Ба навиштаи муаллиф акнун ба истилоҳ “шикорӣ” даъватшавандагон ба сафи артиш тамоми сол идома хоҳад дошт. Дар ин росто муаллифи мақола пешниҳод кардааст, ки барои ҷалби бештари ҷавонон ба сафи артиш лозим аст, ки ба ихтиёриён ва хонаводаи онҳо имтиёзоти иҷтимоӣ пешбинӣ карда шавад.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре аз вазъияти ногувор дар атрофи бозори марказии ноҳияи Шаҳритус интиқод кардааст. Муаллиф менависад, ки шумораи зиёди найлиёти мусофиркаш, беназмӣ ва савдои кӯчагӣ ҳамарӯза боиси тамбашавии роҳ дар маркази ин ноҳия мешавад. Ба таъкиди муаллиф бо вуҷуди ваъдаҳои додашуда, масъулини ноҳия то ҳол натавонистаанд мушкили тамбашавӣ, савдои кӯчагӣ ва ифлосии атрофи бозор дар маркази ноҳияи Шаҳритусро ҳал кунанд. Оё зери коса нимкосае ҳаст? – суол кардааст муаллиф дар фарҷоми мақолаи хеш.
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 9 декабр дар сармақолаи худ хабар додааст, ки дар вилояти Суғд дар мубориза бо паҳншавии коронавирус даст ба иқдомоти бесобиқа задаанд. Муаллиф аз қавли Тахмина Усмонова сардори Хадамоти санитариву эмидемиологии вилояти Суғд хабар додааст, ки аз ин ба баъд барои ширкат дар ҷашни арусӣ дар тарабхонаҳо, меҳмонон бояд маълумотнома дар бораи гирифтани ваксинаи зидди коронавирусро пешниҳод кунанд.
Дар баробари ин гуфта мешавад, ки минбаъд бемороне, ки мехоҳанд дар шифохонаҳои вилоят бистарӣ шаванд, низ бояд маълумотнома дар бораи гирифтани ваксинаро дошта бошанд. Тибқи омори расмӣ айни замон дар вилояти Суғд 50 дар сади аҳолӣ вояи якум ва 35 дарсад бошад ҳарду вояи ваксинаи зидди коронавирусро гирифтаанд.
Нашрияи “Asia-Plus” дар матлаби дигаре ин мавзуро матраҳ кардааст, ки бозгашти Тоҷикистон ба Шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи марказӣ барои Душанбе чӣ суд меорад? Муаллиф ёдовар шудааст, ки рӯзи 2 декабр Шералӣ Кабир вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зимни ширкат дар Конгресси Авруосиё хабар дод, ки соли оянда Тоҷикистон ба Шабакаи воҳиди энергетикии Осиёи марказӣ пайваст хоҳад шуд.
Ба навиштаи муаллиф истифодаи муштарак аз захираҳои обу энергетикии Осиёи марказӣ ба нафъи тамоми кишварҳои минтақа аст. Аз ҷумла Тоҷикистон ва Қирғизистон дигар дар мавсими сармо бо камбуди барқ мувоҷеҳ намешаванд ва аз сӯи дигар Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Туркменистон дар фасли гармо бо ҳаҷми зарурии оби кишоварзӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи рӯзи 8 декабр дар равзанаи сардабир матлабе бо номи “ДурӮҒ” чоп карда, аз наҳваи доварии ҳакамон дар озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”, ки айни замон идома дорад, ба шиддат интиқод кардааст. Муаллиф дар ин замина аз худдории масъулин барои пахши зинда аз ҷараёни озмун ёдовар шуда, таъкид кардааст, ки ҳатто довари бовиҷдон Ҳафиз Раҳмон ёддоштҳояшоро аз раванди озмун дигар дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр намекунад.