29 ноябри 2021 дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси илмӣ дар мавзӯи “Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея: вазъи кунунӣ ва дурнамо” баргузор гардид, дар ин бора хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои хориҷӣ.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Чон Ый Ён бо суханони ифтитоҳии худ ба чорабинии мазкур ҳусни оғоз бахшиданд.
Дар рафти конфронс иштирокдорон дар бораи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Корея, дурнамо ва самти ҳамкориҳои густарда дар чаҳорчӯби Форуми Осиёи Марказӣ + Ҷумҳурии Корея суханронӣ намуданд.
Дар конфронс намояндагони мақомоти давлатӣ, олимони тоҷик ва кореӣ, омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмӣ иштирок карданд.