Леонел Месси бори 7-ум барандаи «Тӯби тиллоӣ»

Ин ҳафтумин «Тӯби тиллоӣ» дар омори инфиродии бозингари маъруф ва машҳур Лионел Месси аст. Тибқи назарсанҷии рўзноманигорони риштаи варзииши тамоми ҷаҳон дар ҷои дуюм ҳамлагари «Бавария» ва тими мунтахаби Лаҳистони  Роберт Левандовски мавқеъ гирифт.  

Имшаб дар шаҳри Парижи Фаронса беҳтаринхои майдони сабз аз руйи  фарзияи «France Football» муаян гардид. Билохира баъди интизориҳои зиёд шефтагони футбол бо беҳтарин футболбоз дар соли 2021 ошно шуданд.  Баъди чандин ҳадсу  «шов-шов»-и  расонаҳо «France Football» Леонел Месси футболбози кунунии «ПСЖ» -ро расман беҳтарин футболбоз дар соли 2021 эълон карда,  ба ў ҷоизаи «Тӯби тиллоӣ»-ро тақдим намуд.  Ҳамлагари ПСЖ ва тими  мунтахаби Аргентина Лионел Месси соҳиби ин ҷоизаи бонуфуз гардид.

Мақоми 3-юм насиби  Ҷорҷионе аз дастаи  «Челси» ва миллипўшони Италия гардид.    Футболбози аргентинӣ бо ба даст овардани  Ҷоми Амрико ва беҳтарин нишонзани мавсими гузашта дар Ла Лига шудан тавонист шумораи зиёди овозҳоро соҳиб гардида, бо ин ҷоизаи беамсолу беназир барои футболбозон ноил гардад.

 Ҳамин тавр, тими Лондонии «Челси» таҳти роҳбарии Томас Тухел  дар мавсими гузашта ғолиби  лигаи қаҳрамонҳои аврупо гардид  ва тими занонаи бошгоҳ бошад,  финалисти ин мусобиқа дар масими гузашта буд. «France Football» «Челси»-ро беҳтарин бошгоҳ дар соли 2021 муаррифӣ кард.

Барандаи ҷоизаи Лев Яшин, ки ҳамасола ба беҳтарин дарвозабони  тақдим мегардид, насиби  дарвозабони тими миллии Италия ва ПСЖ Ҷанлуиҷи Доннарумма гардид.

Алисон Беккер аз  («Ливерпул»), Эдуард Менди аз («Челси»), Мануэл Нойер аз («Бавария») ва Каспер Шмейхел аз  («Лестер») низ муддаӣ ба гирифтани ин ҷоиза буданд.

Ёдрас мешавем, ки Доннарумма ба  тими мунтахаби Италия кӯмак мекунад, то ки дар Ҷоми Аврупо дар соли 2021 қаҳрамон шавад.

Ҷоизаи беҳтарин ҳамлагари дар соли 2021 ба  ҳамлагари “Бавария” Роберт Левандовски тақдим гардид. Ин ҷоизаи навтаъсис аст ва бори аввал Левандовский ин ҷоизаро милик шуд. Ба ин ҷоиза онҳое мушараф мешаванд, ки дар як сол аз ҳама зиёд гол вориди дарвозаи рақибон мекунанд.

Роналду бори аввал аз соли 2010 ба сегона шомил намегардад. Имсол «France Football»  Критиану Роналдуро дар мақеъи шашум ҷойгир намуд. Худи Роналду ҳарчанд, ки яке аз муддаиён буд, аммо  дар ин маросим ҳузур надошт.

Зиёвиддин Назаров

Радиои “Тоҷикистон”