Аз 26-28 ноябр дар пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб мусобиқаи “GRAND SLAM ABU DHABI 2021” баргузор гардид, ки Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 10-варзишгар муаррифӣ намуд. Аз миёни варзишгарони тоҷик ба се ҷудочии номовари кишвар муяссар гардид, то ки медали “GRAND SLAM ABU DHABI 2021”-ро ба гардан овезанд.
Комроншоҳи Устопирён дар ин мусобиқа тавонист ҳунари волои худро нишон диҳад ва сазовори медали нуқра гардад. Комроншоҳ дар вазни -90 кг ҳунарнамоӣ кард ва то ба финал баромад. Ӯ ба се рақибаш аз Британияи Кабир, ИМА ва Қирғизистон дастболо гардид ва ба даври финалӣ роҳ ёфт. Устопириён барои ба даст овардани медали тилло бо варзишгари Россия Мансур Лорсанов рақобат намуд ва шикаст хӯрд. Ҳамин тариқ Комроншоҳ сазовори медали нуқраи вазни -90 кг ин мусобиқа гардид.
Варзишгари ҷавону умедбахши тоҷик Ҷаҳонгир Маҷидов низ дар вазни -90 кг рӯи гилем баромад. Ҷаҳонгир дар даври аввал варзишгари канадагӣ Муҳоб Элнаҳасро шикаст дод. Дар сабқати дуюм бошад Ҷаҳонгир аз ҷоизадори бозиҳои олимпӣ Токио 2020 ҷудочии узбекистонӣ Давлат Бобонов шикаст хӯрд. Сипас дар даври тасаллобахш варзишгари колубмиягӣ Франсиско Балантаро ноком карда, барои медали биринҷӣ намояндаи Қирғизистон Эрлан Шеровро аз сади роҳ дур кард ва ҷойи сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард.
Ҷудочии сангинвазни мо Темур Раҳимов дар вазни +100 кг рақобатро оғоз намуда, барои ба даст овардани медали ин мусобиқа талош варзид. Ӯ дар даври аввал озод буд ва рақобатро аз даври дуюм шурӯъ кард. Дар даври дуюм бо Эмил Маттссон аз Шведсия вориди рақобат шуда, ӯро шикаст дод. Вале дар даври сеюм аз варзишгари украинӣ Евгений Балевский шикаст хӯрд.Темур Раҳимов дар идома барои ба даст овардани медали биринҷӣ, дар даври тасаллобахш бар рақиби ҳолландиаш Мартти Пумалайнен дастболо гардид. Барои ба даст овардани медали биринҷӣ, варзишгари тоҷик намояндаи Россия Валерий Ендовитскийро мағлуб сохта, зинаи сеюмро соҳиб шуд ва дар вазни +100кг медали биринҷӣ ба гардан овехт.
Ба ҳайати тими мунтахаби ҷудои Тоҷикистон 10-варзишгар шомил буданд, ки дар сабқати мардон ҳунарнамоӣ карданд.
Федератсияи байналмилалии ҷудо (IJF) дар сомонаи расмиаш хабар додааст, ки дар ин мусобиқа 223 варзишгар (135 мард ва 88 зан) аз 41 кишварҳои ҷаҳон иштирок намуданд.
Бояд зикр намуд, ки мунтахаби ҷудои Тоҷикистон дар ин мусобиқа бо як медали нуқра ва ду биринҷӣ ва ҷойи панҷуми Сомон Маҳмадбеков зинаи 12-уми ҷадвалро ба даст овард.