Имрӯз Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Сафири фавқуллодда ва мухтори Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Алимирзамин Гаввам Оглу Аскеров мулоқот намуд, хабар медиҳад сомонаи Маҷлиси намояндагон.
Маҳмадтоир Зокирзода таъкид намуд, ки ба шарофати иродаи қавии сиёсӣ ва муносибатҳои бародаронаи Сарони ду давлат – Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев барои рушди ҳамкориҳои мутақобила заминаи устувори ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд.
Зимни мулоқот ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла ҳамкориҳо дар самти тиҷорату иқтисод, маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, тавсеаи пояи шартномавӣ-ҳуқуқӣ мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар мулоқот ҳамчунин таъкид карда шуд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Озарбойҷон бо назардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шуда, муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ мустаҳкам мегарданд.