Чорабинии тантанавӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ

Имрӯз, дар Бонки миллии  Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ  баргузор гардид, ки дар он раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовинон  сардорони раёсат, мудирони шӯбаҳои Бонки мазкур  ва  намояндаи  Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок намуданд.

Дар ифтитоҳи ҷаласаи идона Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дода, сипас раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода бо сухани табрикотӣ баромад карда,  иброз намуд, ки Парчам  ҳамчун  рамзи давлату миллат аз даврони қадим вуҷуд дошт ва аз ҳастии давлату давлатдорӣ дар тўли  таърихи башарият гувоҳӣ медод.

Ҳамчунин номбурда таъкид кард, ки қабули се рукни муҳими давлатдрии имрўзаи мо ва интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар яквақт дар иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вуқуъ пайвастааст.  Дар зери ҳамин Парчами давлатӣ дар замони соҳибистиқлолӣ корҳои созандагиву бунёдкорӣ рушду такомул ёфтанд ,- зикр кард Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода: “Ба фаъолияти давлатдорӣ шурӯъ кардани Пешвои миллат аз адои савганди садоқат зери ҳамин парчам оғоз гардидааст ва барқароркунии сулҳу субот ва дигар музаффариятҳои минбаъдаи мардуми мо, аз ҷумла бунёди нақбу роҳҳои мошингарди ҳозиразамон, роҳҳои оҳан, бунёди нерӯгоҳҳои хурду калон, махсусан чархҳои якум ва дуюми НБО Роғун ва бунёдкориҳои дигар ҳама дар зери ҳамин парчам баргузор мегардад”. 

Сипас, муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷон Соҳибзода қайд кард, Парчам дар тўли садсолаҳои зиёд мояи ифтихору ғурури гузаштагони мо буда, дар қатори рамзу аркони давлатдорӣ ба мақому манзалати махсус соҳиб аст.  Бино ба иттилои мавсуф таҷрибаи байналмилалӣ вобаста ба  таҷлили Рўзи Парчами давлатӣ аз он собит мекунад, ки муқаррар намудани Рўзи Парчами давлатӣ ин эҳтиром ба арзишҳои таърихӣ ва сиёсӣ, ки ба бунёди низоми давлатдорӣ ва эҳёи он  замина гузоштааст ташаккули худро пайдо  мекунад. Баргузории Рӯзи Парчам дар кишвар  бо корнамоиҳои бузурги  халқи тоҷик вобастагиҳои калон дорад, зеро дар таҳкими истиқлоли миллӣ ва бо ин васила дар ташаккули давлатдории миллӣ нақши Парчами давлатӣ ва рамзҳои давлатӣ басо муҳим мебошад Муовини якуми директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадҷон Соҳибзода  изҳор дошт, ки дар давлатҳои пешрафтаи дунё имрӯз таваҷҷуҳ ба танзими ҳуқуқии Парчами давлатӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти таҳлили таҷрибаи байналмиллалӣ соли 2007 Ќонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ”-ро таҳия ва қабул кард ва боиси ифтихор аст, ки ҳамасола 24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ таҷлил карда мешавад. Барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр доштани парчам ин рамзи озодӣ, рамзи мустақилият, соҳибихтиёрии давлати моро ифода мекунад. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рамзҳои давлатӣ” парчами давлатӣ мақоми махсуси ҳуқуқии худро дорад ва истифодаи парчами давлатӣ дар дохил ва хориҷи кишвар тарзи истифодаи махсуси худро дорад,- илова кард Маҳмадҷон Соҳибзода  .

Дар фарҷоми чорабинии идона пас аз тамошои филми мустанад вобаста ба муқаддасоти Парчами давлатӣ  аъзоёни фаъоли Шӯрои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар васфи Парчами давлатӣ ва эҳтиром ба он  аз ашъори аҳли қалами  ҷумҳурӣ шеърҳо қироат карданд.

Маликов Машраб

Радиои “Тоҷикистон”