Сомонаи радиои “Садои Душанбе” дар Озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” мақоми дуюмро касб намуд

Имрӯз дар Кохи Суруши шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупории “Ҳафтаи илм, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” ва Озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” баргузор гардид, ки дар он ғолибон бо ҷоиза ва мукофотҳои таъсиснамудаи мақомоти шаҳрдорӣ қадрдонӣ гардиданд.

Сомонаи радиои “Садои Душанбе”- www.sadoidushanbe.tj  дар Озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” мақоми дуюм ва соҳиби диплому ҷоиза гардида, ба маблағи 15 000 сомонӣ сарфароз гардонида шуд.

Маросими ҷоизасупорӣ бо намоиши фарҳангӣ оғоз гардида, дар он муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ суханронӣ кард. Мавсуф соҳаи маорифро яке аз соҳаҳои муҳим дар ҷомеаи кунунӣ арзёбӣ намуда, зикр кард, ки ҳадафи баргузории “Ҳафтаи илм, инноватсия ва ихтироъкории наврасону ҷавонони шаҳри Душанбе” баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, дастгирии наврасону ҷавонони соҳибистеъдод ва ҷалби онҳо ба эҷодкорӣ, навовариву ихтироъкорӣ ва омӯзиши амиқи фанҳои дақиқ мебошад.

 Дар идомаи чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Фирдавс Саидзода ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳоро саривақтӣ ва муҳим ҳисобида, иброз дошт, ки Ҳафтаи мазкур дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”  роҳандозӣ гардидааст.

Дар давоми маросими ҷоизасупорӣ нахуст ба ғолибони озмуни шаҳрии “Беҳтарин сомонаҳои инноватсионӣ” ҷоиза ва мукофотпулӣ супорида шуда, сипас ҷавонону наврасоне, ки дар самти илм, инноватсия ва ихтироъкорӣ ширкат варзидаанд, қадрдонӣ гардиданд.

Маврид ба зикр аст, ки дар бахши фанҳои гуманитарӣ ва табиӣ – риёзӣ аз ҷониби хонандагон зиёда аз 300 лоиҳа пешниҳод гардида, аз ин миён 117 нафарашон бо дипломи дараҷаҳои 1, 2, 3 ва 11 нафарашон аз рӯйи бахшҳои алоҳида соҳиби “Шоҳҷоиза” гардиданд. 

Парвина Самандарзода

Радиои “Тоҷикистон