20 ноябри соли 2021, Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо муовини Котиби генералии Созмони Аҳдномаи Амнияти дастаҷамъӣ (СААД) Семериков Валерий Анатолевич вохӯрӣ доир намуданд, хабар медиҳад сомонаи вазорати корҳои дохилӣ.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо вобаста ба машқҳои махсуси тактикӣ зери унвони “Кобалт-2021”, ки дар машқгоҳи саҳроии «Фахробод»-и ноҳияи Хуросон баргузор гардиданд, ибрози назар намуданд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкориҳоро дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мубодилаи иттилоот мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар анҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Котиби генералии СААД ҷиҳати тақвияти робитаву ҳамкориҳо дар самтҳои зикршуда изҳорӣ боварӣ намуданд.