Лаҳзае қабл ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо ба кори худ шуруъ намуд.
Пас аз маросими аксбардорӣ ноиби президенти Комиссияи Аврупо, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо дар умури сиёсати хориҷӣ ва амният Ҷозеп Боррелл, фиристодаи Иттиҳоди Аврупо ва вазирони корҳои хориҷии Осиёи Марказӣ ба толори машваратӣ гузаштанд.
Эҳтимол меравад, ки дар нишасти навбатӣ ҷонибҳо ҳамкории густурда ва босамари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупоро дар ҷанбаҳои калидии шарокат, масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқи инсон, амният, рафъи паёмадҳои ҳамагирии COVID-19 ва самтҳои татбиқи талошҳои муштарак дар ҳалли вазифаҳои имрӯза баррасӣ кунанд. Ҳамчунин оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист, инчунин мавзӯъҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ низ аз зумраи масъалаҳоенд, ки мавриди барасӣ қарор мегиранд.
Бино ба маълумоти дастрасшуда муҳимтарин масъалае, ки мавриди таваҷуҳи ҷонибҳо қарор хоҳад гирифт, ин мавзӯи Афғонистон мебошад. Интизор меравад, ки иштиркчиён вобастат ба вазъи ногувори имрӯзаи Афғонситон ва сатҳи фақр дар ин кишвар андешаронӣ кунанд.
Ёдовар мешавем, ки дар Ҷаласаи навбатии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Иттиҳоди Аврупо вазирони ҳар як кишвар дар алоҳидагӣ бо ҷониби Иттиҳодии Аврупо гуфтушунид хоҳад кард. Ҳанӯз дар мавриди бештар масоили бештар матраҳшаванда маълумоти зиёде дастрас нест, аммо шуморо дар хабарҳои баъдӣ аз натиҷаи ҷаласаи мазкур ошно хоҳем кард.
Машраб Маликов
Радиои “Тоҷикистон”