Аввалин тамринҳои якҷояи Леонел Месси ва Серхио Рамос дар ПСЖ

Дар мавсими гузариши тобистона сарвонҳои тими шоҳонаи Реал Мадрид ва Барселона дастаҳои хешро тарк намуданд. ПСЖ тавонист пешдастӣ карда, ҳарду футболбозро ба даста биёрад. Серхио Рамос ва Леонел Месси баъди гузаштан се моҳ тамринҳои якҷояро шурӯъ намуданд. Серхио Рамос то ин муддат бинобар сабаби осеб доштанаш наметавонист ба даста кӯмак расонад. Имрӯз бошад, аввалин тамринҳои Мессию Рамос дар якҷоягӣ сурат гирифт. То ин муддат Месси дар 5-бозии Лигаи 1-и Фаронса ва рақобатҳои даври гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои Аврупо ҳунарнамоӣ кардааст. Лекин ба футболбози аргентинӣ муяссар нагардидааст, ки дар Чемпионати Фаронса гол ё партофти головар анҷом диҳад.