Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кадрҳоеро, ки дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва вилоятҳои Хатлону Суғд таъин гардиданд, барои суҳбат ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кадрҳои навтаъингардида ҷиҳати иҷрои ҳадафҳои созанда ва татбиқи сиёсати роҳбарияти давлату Ҳукумати кишвар, аз қабили таъмини амнияти озуқаворӣ, татбиқи сиёсати аграрии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъати корҳои ободонӣ, истифодаи оқилонаи ҳар як порча замини корам ва заминҳои наздиҳавлигӣ, гирифтани ду се ҳосил аз заминҳои обӣ, рушди бахши кишоварзӣ, баланд бардоштани сифати маҳсулот, ҷалби сармояи хориҷию ватанӣ баҳри рушди соҳа, дастгирии соҳибкорӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифати кишоварзӣ, рушди соҳаи агросаноатӣ, аз ҷумла тухмипарварӣ, зироатпарварӣ, чорводорӣ ва ғайра, дастуру супоришҳои муфид доданд.
Мутобиқи моддаи 69-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ширинзода Эраҷ Сифот ирсол гардид.
Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон раисони ноҳияҳои Ванҷ ва Роштқалъаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳрҳои Кӯлоб, Левакант, ноҳияҳои Восеъ, Фархор, Темурмалик, Балҷувон, Дӯстӣ, Носири Хусрави вилояти Хатлон ва ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд озод карда шуданд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Бахтиёр Ғанӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи муовини Директори генералии Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммуналӣ” озод гардид.