Баргузории намоиш-фурӯши китобҳо бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Рӯзи 16 ноябри соли равон ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии нашриёти “Адиб” намоиш-фурӯши китобҳои тазанарро дар саҳни бинои Сирки давлатӣ доир гардид.

Дар намоиш-фурӯш зиёда аз сад номгӯи китобҳои тозанашри Муассиса ба маърази тамошо гузошта шуданд. Аз ҷумла, силсилаи “Ахтарони адаб”, китобҳои “Назаркарда”-и Абдуғаффори Абдуҷаббор, “Тавлиди нур”-и Идигул Қосимзода, “Бахтофарин”, “Ҷасорати бузурги Пешвои миллат” (маҷмӯаи шеърҳо, очерку мақолаҳои адибон), ки аз корнамоиҳою ҷонфидоиҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирдоварӣ шудаанд, ба намоиш-фурӯш гузошта шуд.