Боздошти марде бо гумони қаллобии беш аз 500 ҳазор сомонӣ

Вазорати корҳои дохилӣ аз боздошти марде хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ ба ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои сомонаи ин вазорат, ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо ариза марди 32-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ муроҷиат намудааст, ки моҳи майи соли 2021, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Чимтеппа марди 31-солаи сокини ҷамоати деҳоти Россияи ҳамин ноҳия бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ барои тиҷорат 275 ҳазор сомонӣ, баъдан, 3-адад автомашинаи тамғаҳои “Опел-Зефира”, “Опел-Астра” ва “Опел-Вектра”-ро ба маблағи 230 ҳазор сомонӣ нархгузорӣ карда гирифтааст. Баъдан автомашинаҳоро фурӯхта, маблағҳоро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст.

Зарари расонидашуда 505 ҳазор сомониро ташкил дода, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.