28 октябри 2021 дар шаҳри Киев вохӯрии Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Муовини вазири рушди иқтисод, савдо ва кишоварзии Украина – Намояндаи тиҷоратии Украина, ҳамраиси Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ Тарас Качка баргузор гардид. Дар ин бора ВКХ хабар медиҳад.
Ҷонибҳо оид ба натиҷаҳои ҷаласаи шашуми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Украина оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ, ки тариқи маҷозӣ сурат гирифта буд, табодули назар карданд. Аз ин хотир андешидани тадбирҳо ҷиҳати иҷрои Протоколи ҷаласаи мазкур ва баргузор намудани форуми соҳибкорони ду кишвар аз мавзӯъҳои асосии гуфтушунидҳо буданд.
Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкориҳои дуҷониба табодули афкор намуда, ба ҳолату дурнамои робитаҳои тиҷоративу иқтисодӣ, гуманитарӣ ва тавсеаи минбаъдаи заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии муносибатҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.