Китоби тозанашри шоири шинохта, барандаи Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, Корманди шоистаи Тоҷикистон Гурез Сафар таҳти унвони «Дидаи дард» дар Корхонаи воҳиди давлатии муҷтамаи табъу нашри «Шарқи Озод»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз чоп баромад, хабар медиҳад Вазорати фарҳанг.
«Дидаи дард» аз шеъру ғазал, рубоиву дубайтӣ, резаҳо ва ашъори ҳаҷвии шоир гирдоварӣ шудаанд, ки бори нахуст дар шакли китоб пешкаши хонанда мегардад.
Ашъори лирикии шоир бо равониву мушоҳидаи тоза дар мавзӯъҳои гуногун эҷод шудаанд, ки дилнишину хонданибоб мебошанд. Дар эҷоди ашъори ҳаҷвӣ низ, шоир сабки хосе доранд, ки ғолибан латифу ҳадафрасанд.