Дар хабари Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Комиссияи ҷумҳуриявии озмун аз 8 то 12 ноябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ доир мегардад.
Маросими ҷоизасупорӣ ва барномаи фарҳангӣ бо иштироки ғолибони озмун рӯзи 16 ноябри соли ҷорӣ дар ҳамин театр муқаррар гардидааст.
Аз довталабони даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон–Ватани азизи ман” дархост карда мешавад, ки рӯзи 7 ноябри соли равон, соати 14:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ аз қайд гузаранд.