Имрӯз, 21-уми октябр академики АМИТ, собиқ ноиби президенти АМИТ, доктори илмҳои физика ва математика Ҳикмат Муъминов дар шаҳри Маскав дар гузаштааст. Дар ин бора Машраби Абдулло, яке аз кормандони Академияи миллии илмҳои кишвар дар саҳифаи фейсбукиаш хабар додааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ марҳум пас аз табобати бардавом дар шаҳри Маскав аз бемории саратон ин ҷаҳонро падруд гуфт.
Гуфта мешавад, ки раёсати АМИТ таҳти сарварии академик Фарҳод Раҳимӣ ҷиҳати даргузашти олими шинохтаи тоҷик сахт андуҳгин буда, ба хешу ақрабо, ба ҳамкасбу ҳампешаҳо ва шогирдони маҳрум ғамшарикии хешро изҳор мекунад. Гузашта аз ин, ба ворисони донишманд изҳори тасллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳон мебошад.
Ҳикмат Муъминов 14 сентябри соли 1966 таваллуд шудааст. Аз ӯ хушномтарин олим дар самти илмҳои дақиқ ном гирифта мешавад. Ҳамчунин номбурда, ҷавонтарин академики АМИТ буд. Самтҳои асосии тадқиқоти илмии Ҳикмат Муъминов дар физикаи назариявӣ, назарияи майдон, физикаи муҳитҳои конденсӣ, физикаи математикии ғайрихаттӣ, наномаводҳо сурат гирифтааст.
Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро аз рӯи ихтисоси “физика” хатм намудааст (с. 1988), доктори илмҳои физика ва математика (с. 1996), академик (с. 2017, узви вобаста аз с. 2004, ихтисоси “физика”).Муаллифи 6 монография, беш аз 300 мақолаи илмӣ, 7 патент барои ихтироот.Мукофотҳо: Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои дастовардҳо дар соҳаи илм ва техника (с. 1998 ); медали «20-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (с. 2012); Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2015 г.).