(Ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 90-солагии радиои «Тоҷикистон»)
Ваҳдати миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба идеяи миллии мо табдил ёфта, асоси рушди ҳамаи бахшу соҳаҳои дигари давлатдорӣ гардид. Ҷашни ваҳдати миллиро мо ҳамасола 27 июн, яъне дар рӯзи ба имзо расидани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллии Тоҷикистон таҷлил менамоем, аммо то расидан ба ин дастоварди таърихӣ миллати мо роҳҳои пурпечутобу мураккаберо паси сар карданд. Масъулони соҳаҳои гуногуни мамлакат зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои расидан ба ин дастоварди таърихӣ хизматҳои шоиста карда, дар роҳи расидани мардум ба сулҳу якдилӣ корнамоиҳо намудаанд. Дар баробари дигар ниҳодҳои давлатӣ ва ВАО-и мамлакат Радиои Тоҷикистон ва кормандони он низ дар ин ҷода хизматҳои шоён намудаанд. Дар ин рӯзҳо махсусан ёдовар шудан аз барномаи «Хоки Ватан» ба маврид аст, ки воқеан барои сарҷаъмии мардуми дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ парешонгашта саҳми арзишманд гузоштааст.
Барномаи «Хоки Ватан» дар замоне ташкил гардид, ки Тоҷикистонро дар заминаи ҷанги шаҳрвандӣ мушкилоти ҷиддии сиёсию иҷтимоӣ фаро гирифта буд. Сокинон ба гӯшаҳои нисбатан ороми мамлакат, хоки давлати ҳамсояи Афғонистон ва дигар кишварҳо гуреза шуда буданд. Зарурати сарҷаъм намудани мардум ва ба ҳаёти осоишта баргардонидани одамон роҳбарони давлат ва зиёиёну сиёсатмадорони ватандӯстро ором намегузошт. Дар заминаи тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар самти баргардонидани гурезагон ба ватан ва сарҷамъ намудани мардуми бар ҳар сӯ парешонгашта идеяи таъсиси чунин як барнома пайдо шуд. Директори вақти Радиои Тоҷикистон Мансур Султонов мегӯяд, ки идеяи таъсиси барномаи «Хоки Ватан» аз Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд, ки он ҷо раиси Шӯрои Олии мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфта буданд, ки «ман то вақте ки як нафар гуреза дар хориҷа мемонад худро ором ҳис намекунам» сарчашма мегирад. Аммо ин идея дар шакли барномаи махсуси радиоӣ, ки барои баргардонидани гурезагони ҷанги шаҳрвандӣ нигаронида шуда бошад, бори аввал аз ҷониби собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион, доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов пешниҳод шудааст. Ин ҳақиқатро Мансур Султонов, ки барнома маҳз дар замони роҳбарии ӯ дар радио ташкил гардидааст, тасдиқ мекунад.
Иброҳим Усмонов зимни суҳбат бо мо дар хусуси идеяи ташкили барнома чунин гуфтанд: «Аз сабаби он ки он замон теъдоди зиёди мардум берун рафтанд ва азбаски ҳукумат ба он муътақид буд, ки то онҳо ба ватан наоянд дар Тоҷикистон сулҳ намешавад, ман ба ҳайси ҷойнишини якуми раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизион таъсиси ҳамин барномаро дар моҳи марти соли 1993 ба нақша гирифтам». Мансур Султонов ҳам ёдовар мешавад, ки аввалҳои соли 1993, вақте ки Иброҳим Усмонов дар хусуси тадбирҳои ҳукумати мамлакат дар самти баргардонидани гурезагон ба ватан ёдовар шуданд, гуфтаанд, ки чӣ мешавад, ки тавассути радио дар ин хухусус як барнома ташкил шавад? Аз гуфтаҳои Мансур Султонов бармеояд, ки баъдан ин идеяро роҳбарияти радио дар ҷаласаҳои алоҳида ҳамроҳи сармуҳаррирони вақти идораҳои Радиои Тоҷикистон баррасӣ карда, сохт, ҳаҷм, мундариҷа ва шакли пешниҳоди барномаро муқаррар мекунанд ва ҳамарӯза як идора барои пахши як нашри он масъул мегардад.
Бо пахши аввалин нашри барномаи «Хоки Ватан», ки ба таъкиди муҳаққиқон аз ҷониби Бобо Бекмуродов, 29 марти соли 1993 таҳия гардидааст, таъсири он ба гурезагону мардуми ба ҳар тараф парешоншуда ҳис гардид. Нашри аввали барнома нишон дод, ки метавонад барои сарҷаъмии миллат мусоидат карда, дар татбиқи аҳдофи ҳукумати навтаъсис мусоидат кунад. Ҳамин буд, ки бадхоҳону душманони ваҳдати тоҷикон аз пахши чунин барнома нороҳат шуданд ва дар пайи бастани он гардиданд.
Ба таъкиди собиқ муовини якуми раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон ва яке аз бунёдгузорони барномаи «Хоки Ватан» Иброҳим Усмонов баъди пахши аввалин нашри барнома як гурӯҳ ҷавонони мусаллаҳ, ки Радиои Тоҷикистонро муҳофизат мекардаанд, ба назди ӯ даромада, таҳдид мекунанд, ки барнома дигар дар эфир садо надиҳад. «Онҳо гуфтанд, ки (албатта онҳо «ту» гуфта гап мезаданд, дар лафзи онҳо калимаи «шумо» набуд) ту чи ҳақ дорӣ, ки душманони миллатро аз хориҷа ба Тоҷикистон «бозгард» мегӯӣ. Аз Эрон 3 миллион гуреза баромада рафтааст, ҳеҷ кас «бозгард» намегӯяд. Ними Афғонистон баромада рафтааст ҳеҷ кас «бозгард» намегӯяд. Ту даҳ нафар, бист нафар одаме, ки аз Тоҷикистон рафтааст, онҳоро баргардонидан мехоҳӣ? Чӣ мехоҳӣ бо ин кор? Як шакли таҳдиде доштанд ин ҷавонони мусаллаҳ. Гуфтанд агар боз барнома пайдо шавад, баъд аз худат хафа шав», – ёдовар шуданд И. Усмонов. Баъди ин ҳодиса И.Усмонов ба назди раиси Шӯрои Олии мамлакат, сардори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон медароянд ва таҳдиди силоҳбадастону зарурати пахши барномаро мефаҳмонад. Хушбахтона, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалаӣ Раҳмон бо дарки зарурати мавҷудияти чунин барнома дар он замони ноором фаъолияти онро пуштибонӣ карда, барои пурқувват гардидани барнома мусоидат мекунанд. Пешвои миллат тавассути барномаи «Хоки Ватан» ба гурезагон муроҷиат намуда, иброз медоранд, ки «Ман ба шумо хуми тилло ваъда намекунам, ҳар он чизе, ки мо дар мамлакат дорем, якҷоя онро ба ҳам мебинем. Вале то вақте ки Шумо ба ватан барнагардед, хонаву ҷои шумо ба каси дигаре насиб намекунад. Баргардед!» Ин муроҷиат мавқеи барномаро устувор ва пойдории онро таъмин мекунад.
Вақте ки барномаи «Хоки Ватан» дар симои раиси Шӯрои Олии мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибон пайдо мекунад бадхоҳони миллат роҳи дигари мубориза бо онро пеш мегиранд. Иброҳим Усмонов ёдовар мешавад, ки «яке аз душманони раванди сулҳ дар Тоҷикистон дар он замон Салим Аюбзод соли 1994 дар як рӯзнома мақолае нашр карда мегӯяд, ки «Хоки Ватан» мардумро аз Афғонистон ба Тоҷикистон баргардонидан мехоҳад, вале дар Тоҷикистон оромӣ нест. Халқро фиреб дода истодаанд. Дар ин кор ӯ пеш аз ҳама манро ҳамчун таъсисдиҳандаи «Хоки ватан» гунаҳгор медонад, – мегӯяд Усмонов. Ман дар ҳамон вақт дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» ҷавоб чоп кардам ва гуфтам, ки воқеан «Хоки Ватан» мардумро ба Тоҷикистон аз оворагиву сарсонӣ гардонда овардан мехоҳад. Мардумро аз бечорагиву бепаноҳӣ наҷот додан мехоҳад. Вале мардумро куштан намехоҳад, мардум дар сарсониву саргардонӣ аз зиндагӣ маҳрум мешаванд. Мардум дар ватани худ ободу озод мешаванд. Дар Тоҷикистон заминаи оромона зиндагӣ кардан ҳанӯз пурра нест, вале ин заминаро ҳукумати Тоҷикистон якҷоя бо халқи бозгашта ислоҳ мекунанд. Ана дар ҳамин чиз – ба ватан бозгашта, мустаҳкам кардани ин ватан, ба вуҷуд овардани заминаи сулҳ дар ин ватан ва аз зери пойи мухолифин кашида гирифтани такягоҳи хориҷӣ вазифаи асосии «Хоки Ватан» аст».
Ҳамин тавр дар давоми фаъолияти худ барномаи «Хоки Ватан» бо пахши даъвату хитобаҳои масъулони ниҳодҳои давлатӣ, мактубҳо ва пахши садои гурезагон ва ё нафароне, ки наздиконашон ба кишварҳои бегона гуреза шуда буданд ва шеъру сурудҳои мазмуни баланди ватандӯстиву якдилидошта барои баргардонидани гурезагони ҷанги шаҳрвандии мамлакат ба ватан мусоидат мекунад.
Мухбири Радиои Тоҷикистон Тоҳир Розиқов, ки дар ҳамон шабу рӯзҳои душвори сиёсӣ дар минтақаи нооромтарини мамлакат – водии Вахш фаъолият мекард, воқеаеро ёдовар шуд, ки нақши барномаи «Хоки Ватан»-ро дар сарҷаъмии мардум нишон медиҳад. «15 ноябри соли 1993 буд. Вақте ки ба деҳаи Энгелси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ омадам, – гуфт Тоҳир Розиқов ва илова кард, – он ҷо бо зане дар суҳбат шудам, ки мегуфт бародараш – яке аз ҷарроҳони номдори ноҳия Давлатбек Ҷононов ҳамроҳи аксарияти аҳли деҳа дар хоки Афғонистон қарор дорад. Бисёр мехоҳам, ки бародарам ба ватан биёяд. Вақте ки мо ҳамин суҳбатро тавассути радио пахш кардем, пас аз як ҳафта ба ҳамон деҳа рафтам ва дидам, ки Давлатбек Ҷононов аллакай баргашта ва ба кор шурӯъ кардааст. Он кас гуфтанд, ки беш аз 200 нафар дар он тарафи марз интизори даъвати мананд. Агар ман ҳозир тавассути радио онҳоро даъват кунам, онҳо ба ватан бармегарданд. Вақте ки мусоҳибаи Давлатбек Ҷононовро тавассути барномаи «Хоки Ватан» пахш кардем ва баъди як ҳафтаи дигар ба ҳамон деҳа рафтам шоҳиди он шудам, ки аллакай ҳама аҳли деҳа ба ватан омадаанд», – ёдовар шуд Тоҳир Розиқов мухбири Радиои Тоҷикистон дар вилояти Хатлон. Ин натиҷаи як даъвати шаҳрвандон тавассути барномаи «Хоки Ватан» буд, ки дар он солҳои душвор аҳли як деҳаро дар ватан ба ҳам овардааст. Чунин лаҳзаҳо дар ин барнома садҳо ва ҳазорҳо будаанд.
Журналисти собиқадору соҳибҳунар ва яке аз муаллифони фаъоли барномаи «Хоки Ватан» Сурайёи Шуҷоат дуруст қайд мекунад, ки ин барномаро «як дипломатияи мардумӣ ҳам гуфтан мумкин аст. Чунки мардуме, ки дар Тоҷикистон буданд ва пайвандони онҳо ки дар Афғонистон қарор доштанд, дар он рӯзҳои душвори сиёсӣ бо ҳамдигар маҳз тариқи ҳамин барнома пайғом мефиристоданд, гуфтушунид мекарданд ва бовар мекунонданд, ки дар ҳақиқат Тоҷикистон тенҷу ором шудааст, онҳо бояд баргарданд». Сураёи Шуҷоат мегӯяд, ки мактубҳое дастрас доштанд ва ҳам шоҳиди чунин ҳодисаҳое буданд, ки муҳоҷрон аз кишварҳои дур – аз ҷумла аз Россияву Аврупо бо таъсири даъвату хитобаҳои барномаи «Хоки Ватан» ихтиёри бозгашт ба сарзамини модариро гирифтаанд. «Сокинон дар кишварҳое, ки имкони шунидани Радиои Тоҷикистон ва барномаи «Хоки Ватан»-ро надоштанд, сабти нашрҳои ин барномаро дар фитаҳо ба наздиконашон ба Россия ва дигар кишварҳои собиқ Иттифоқи Шӯравӣ мефиристоданд ва бо ин роҳ пайвандонашонро бовар мекунониданд, ки дар ҳақиқат дар ватан оромӣ аст», – мегӯяд ӯ.
Воқеан, барномаи «Хоки Ватан» чун дипломатияи мардумӣ дар ҳамдилӣ ва иттиҳоди сокинони кишвар хизмати шоиста кардааст. Ҳар як даъвати тавассути ин барнома садодода дар дубора сарҷамъ шудани халқ ва аз нав ба ободониву бунёдкорӣ камари ҳиммат бастани сокинон мусоидат намуда, дар маҷмӯъ ба эҳёи кишвари тозаистиқлоли мо сабаб гаштаанд.
Собиқадори радиои тоҷик Мансур Султонов дуруст мегӯяд, ки таҷрибаи барномаи «Хоки Ватан» дар журналистикаи ҷаҳонӣ нодир аст. Ба таъкиди ӯ дар таҷрибаи радиожурналистикаи ҷаҳон ин аввалин барномае буд, ки як давлат аз сокинони фирорӣ ва муҳоҷиронаш даъват ба амал овардааст, ки ба ватан баргарданд. Ҳол он ки дар тули таърих миллионҳо нафар аҳолии кишварҳои ҷаҳон дар натиҷаи муноқишаҳо муҳоҷир шудаанду ин раванд то ҳанӯз давлатҳои зиёдеро фарогир аст. «Радиои Тоҷикистон ягона радиое буд, ки тавонист бо барномаи «Хоки Ватан» мардумро аз ғарибӣ, аз бенавоӣ ва аз бадбахтиҳои хеле калоне, ки дар ғурбат ҳар кас метавонад ба он дучор шавад, халос кунад ва ба хоки диёраш баргардонад».
Ин ҳақиқати бебаҳс аст, ки барномаи «Хоки Ватан» бо даъватҳои созандаи худ дар ваҳдати миллии тоҷикон саҳми арзишманд гузоштааст. Доктори илмҳои таърих, профессор И.Усмонов нақши ин барномаро дар сулҳи тоҷикон муҳим арзёбӣ карда, иброз медорад, ки он ҳамчун як воситаи гарм кардани меҳри ватан дар дили муҳоҷирин, омили аслии ба ватан баргаштани онҳо шуда, ба ин васила заминаи сулҳ дар Тоҷикистонро ба вуҷуд оврадааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ борҳо дар хусуси саҳми созгори барнома ва муаллифону мураттибони он дар раванди сулҳи тоҷикон ёдовар шуда, нақши онро дар таҳкими ваҳдаnи миллии тоҷикон бузург арзёбӣ кардаанд.
Зоириён Бахтиёр,
«Садои Душанбе»
Манбаъ: www.sadoidushanbe.tj