Бино ба маълумоти Азиз Набизода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати кишвар, ки ба Радиои Тоҷикистон ироа гардид, нахустин парвози чартерӣ ба Русия анҷом дод шуд. Ба гуфтаи манбаъ, шоми рӯзи 25-уми июн Ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” 185 шаҳрванди Федератсияи Русияро интиқол дода, субҳи имрӯз 215 шаҳрванде, ки дар шаҳри Маскави Русия худро дар сафоратхонаи Тоҷикистон ба қайд гирифта буданд, ба Ватан оварда шуданд.
Азиз Набизода, муовини директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати кишвар гуфт, ки дар мавриди аввал имтиёз ба он шаҳвардони мамлакат дода мешавад, ки ду ё се моҳ боз дар Русия дармондаанд.
Иттилоъ дода шуд, ки то санаи 14-июл ин иқдом индома мекунад. Ҷониби Тоҷикистон талош дорад, ки он шахсоне, ки ба сафари хизмати дар Русия дар мондаанд, пирону барҷомондагон занону кӯдакон, ки чанд вақт боз бо сабаби пандемия ба Ватан баргашта наметавонанд, оварда хоҳанд шуд. Азиз Набизода гуфт, ки бояд шаҳрвандони мамлакат, ки мехоҳанд ба ватан баргарданд, бояд худро дар сафоратхона ё консулгариҳои Тоҷикистон дар шаҳрҳои Русия худро номнавис кунанд. Имрӯз ҳамчунин як парвози чартери ба шаҳри Қазони Русия анҷом дода хоҳад шуд.
Аз 1-июл ҳамчунин парвозҳои доимӣ ба самти Аморати Мутаҳидаи Араб ва Ҷумурии Ӯзбекистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Бинобар сабаби паҳн гардидани каронавирус дар ҷаҳон тамоми кишварҳои ҷаҳон парвозҳои доимиро байни худ манъ карда буданд. Акнун аксар кишварҳои дунё оҳиса оҳиста шаҳрвандони худро аз хориҷи кишвар ба ватан бар мегардонанд. Тоҷикистон низ зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ пешвои миллат талош дорад, ки шаҳвардони дармондаи худро аз хориҷа ба ватан орад.
Саъдӣ Ғоибов
Радиои Тоҷикистон