14 октябр дар шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар ин чорабинӣ, ки ба 75 — умин солгарди таъсисёбии ЮНЕСКО рост омад, Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле ва шумораи зиёди намояндагони кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид ширкат варзиданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба роҳбарияти ЮНЕСКО ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани Рӯзи фарҳанг ва намоиши ҳунарҳои мардумии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Созмон изҳори миннатдорӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ба ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО аҳаммияти ҷиддӣ медиҳад ва узвияти Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид ва ниҳоди он оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) исботи ин гуфтаҳост.
Зимни суханронӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз амалӣ намудани лоиҳаҳое, ки дар рушди маорифу илм, ҳифзи мероси фарҳанги моддӣ ва ғайримоддии кишвар барои наслҳои оянда саҳми назаррас доранд, изҳори қаноатмандӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузории силсилаи чорабиниҳои фарҳангӣ, аз ҷумла ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо иштироки сарони давлатҳои Тоҷикистону Фаронсаро дар маркази фарҳанги аврупоӣ — шаҳри Париж рӯйдоди муҳим ва хотирмон арзёбӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таърихи оламшумули тоҷикон, ойину суннатҳои миллӣ, маданияти китобдорӣ, пешбурди илму фарҳанг ва хизматҳои шоистаи фарзандони баруманди халқи тоҷик дар рушду пешрафти тамаддуни умумибашарӣ, андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдгории табиии “Боғи миллии Тоҷикистон”, шаҳри бостонии Саразм, мусиқии миллии “Шашмақом”, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ, таоми миллии “Оши палов” ва “Чакан, санъати зардӯзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро намунаҳои барҷастае аз мероси ғании фарҳангиву таърихии халқи тоҷик номиданд, ки аз ҷониби ЮНЕСКО пазируфта шуда, ба Феҳристи мероси ҷаҳонии башарият ворид гардидааст.
Мавриди зикр аст, ки то имрӯз дар доираи ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ЮНЕСКО таҷлили ҷашну санаҳои муҳимми таърихиву фарҳангӣ, гиромидошти симоҳои барҷастаи илму адаби тоҷик, арҷгузорӣ ба солгарди мавзеъҳои таърихиву фарҳангӣ ва дигар тадбирҳо амалӣ гардидаанд.
Таҷлили ҷашнҳои 2500-солагии шаҳри Истаравшан, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 3000-солагии маданияти Ҳисор, 1100-солагии аввалин давлати мутамаркази тоҷикон — Сомониён, 1150-солагии сардафтари адабиёти классикии тоҷику форс устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 800-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 700-солагии Камоли Хуҷандӣ ва 5500-солагии Саразми бостонӣ намунаи равшани ҳамкориҳо бо созмони ҷаҳонии ЮНЕСКО номида шуд.
Пас аз суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле барномаи ҳунарии устодони санъати Тоҷикистон ва ҷавонони соҳибистеъдод дар доираи Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО баргузор шуд.
Барномаи мазкур аз ҷониби намояндагони сершумори кишварҳои олам бо хушнудии комил пазируфта шуд.