Тибқи хабари АМИТ «Ховар» 13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эманнуэл Макрон дар маросими ифтитоҳи Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” дар Осорхонаи Гимейи Ҷумҳурии Фаронса иштирок карданд.
Ин тадбир дар доираи таҳкими муносибатҳои ҳамкории ду кишвар дар бахши фарҳанг роҳандозӣ гардида, саҳми бузурги сарони давлатҳо дар пайванд сохтани тамаддунҳо ва мардумон мебошад.
Пеш аз ҳама, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Фаронсаро ба маросими ифтитоҳи Намоишгоҳи нигораҳои таърихии Тоҷикистон хайрамақдам гуфтанд.
Бояд гуфт, ки робитаҳои фарҳангии Тоҷикистон бо Фаронса дар баробари дигар соҳаҳои ҳамкорӣ, бар пояи меъёрҳои байналмилалӣ ва эътирофи манфиатҳои ҳамдигар асос ёфта, дар ҳоли рушди мунтазам қарор доранд.
Дар ин робита, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Фаронса муҳтарам Эммануэл Макрон барои саъю талош ва ташаббусҳо ҷиҳати рушди ҳамаҷонибаи муносибатҳои Тоҷикистону Фаронса ва дар ин замина ташкил гардидани Намоишгоҳи имрӯза арзи сипос намуданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки ин рӯйдод ба роҳандозии робитаҳо байни осорхонаҳои ду кишвар ва тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳо дар ин самт мусоидат хоҳад кард.
Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Эманнуэл Макрон дар Намоиши нигораҳои Тоҷикистон таҳти унвони “Тоҷикистон — кишвари дарёҳои тиллоӣ” бо нигораҳои нодир шинос шуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳамтои худ Эманнуэл Макрон таъриху тамаддуни миллати шарафманди тоҷик, саҳми фарзандони баруманди тоҷик дар рушди тамаддуни башарӣ, мавзеъҳои таърихӣ, давлатдории тоҷикон дар асрҳои гуногун ва қадима будани сарзамини ганҷхези Тоҷикистонро муаррифӣ карданд.
Тавре маълум аст, тоҷикон миллати тамаддунофар буда, дар таърихи умуми инсоният ҷойи сазовор доранд.
Бозёфтҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, ки осори фарҳангиву ҳунармандии қадимаи халқи тоҷик ба ҳазорсолаи чоруми то мелод мансуб мебошанд.
Мардумони Фаронса ва дигар кишварҳои Аврупо зимни боздид аз ин намоишгоҳ имкон доранд бо осори давраҳои энеолит ва биринҷии шаҳраки Саразми бостонӣ, ки ба Феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил мебошад, шинос гарданд.
Намунаҳои пешниҳодшуда ба аврупоиҳо имкон медиҳанд, ки дар бораи кишвари зебои кӯҳистони мо маълумоти бештар гиранд ва дар рушди ҳамкориҳои Тоҷикистону Фаронса саҳм гузоранд.
Бояд гуфт, ки барои муаррифии таъриху тамаддуни бою қадима ва санъати нотакрори миллати тоҷик дар осорхонаи Гимей 211 адад нигора аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон дастрас гардид, ки тавассути онҳо тамоми зебоиҳои табиӣ ва таърихи нотакрори халқи тоҷик ба мардуми Фаронса нишон дода мешавад.
Барои муаррифии шоистаи давлати тоҷикон дар осорхона нигораҳо ва наворҳо оид ба мавзеъҳои таърихию сайёҳии Тоҷикистон ва сарвати нодири таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик гузошта шудааст.
Тамошобинони намоишгоҳ имкон пайдо мекунанд, ки тавассути нигораҳои намоишгоҳ ҷаҳони маънавии худро оид ба давраҳои гуногуни таърихии миллати тоҷик, ба монанди давраи пеш аз мелод- “Оини зардуштӣ”, “Империяи Ҳахоманишиҳо”, “Давлати Юнону Бохтар”, “Империяи Кушониён” ва “Давлати Сосониён” ғанӣ гардонанд.
Хусусияти хоси намоишгоҳ дар он аст, ки осори ба маъраз гузошта шуда аз ҳудуди имрӯзаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бозёфт гардидаанд.
То ба имрӯз ин бузургтарин намоиши Тоҷикистон аст, ки дар қитъаи Аврупо ба ҷаҳони Ғарб пешкаш мегардад.
Гимей — Осорхонаи санъати Шарқи шаҳри Париж охирҳои асри 19 аз ҷониби сарватманди саноатчӣ Эмил Гимет таъсис ёфтааст.
Осорхона бори аввал соли 1879 дар шаҳри Лион кушода шуда, баъдтар ба Париж интиқол дода шуд. Дар осорхона яке аз бузургтарин нигораҳои Осиё ҷойгир гардидааст.